корд

Муноқишаи ноболиғон бо кордзанӣ анҷом ёфт

Дар шаҳри Хуҷанд хонандаи синфи 9-уми мактаби хусусӣ бо ноболиғ, писарбачаи ҳамсоли худ вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо корд 1-маротиба ба шикамаш задааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 26-уми ноябри соли 2019, тахминан 16:30-дақиқа, ноболиғ, писарбачаи 15-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, хонандаи синфи 9-уми мактаби хусусӣ, дар маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд бо ноболиғ, писарбачаи ҳамсоли худ, вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ӯ ҷангу ҷанҷол намуда бо корд 1-маротиба ба шикамаш задааст.

“Дар натиҷа, ноболиғи мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст”, — омадааст дар иттилоия.

Кордкашии ноболиғон дар ҳолест, ки ВКД Тоҷикистон миёни ҷавонону ноболиғон барои пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳои нангин амалиёти шартии «Корд» – ро пиёда намудааст ва давоми чанд моҳи ахир аз ҷониби кормандони ин раёсат чандин адад силоҳҳои сард аз толибилмон ва ҷавонон дарёфт ва мусодира карда шуд. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *