Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мунтахаби 19-солаҳо ин бегоҳ дар даври чорякниҳоии Чемпионати Осиё мебозад

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки бозии сеюмашро дар мусобиқаи чемпионати футболи Осиё миёни бозигарони синнашон то 19 бо дастаи Австралия бо ҳисоби 0:0 анҷом дода, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. Ин бозии даври охирини гурӯҳи “D” шаби 21-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Манамаи Баҳрайн баргузор шуд.
Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Ўзбекистону Чин низ бо ҳисоби мусовӣ ва бидуни гол анҷом пазируфт. Ба ин тартиб, мунтахаби Ўзбекистон бо ҳафт имтиёз ғолиби гурӯҳи “D” шуд. Дастаи Тоҷикистон бо чаҳор имтиёз мақоми дувумро азони худ кард. Ҳарду даста ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.
Ҳамакнун, дар даври чорякниҳоии қаҳрамонии Осиё мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 24 октябр дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн бо ғолиби гурӯҳи “С” – Ҷопон – рақобат мекунад. Ин бозӣ соати 16:15 ба вақти маҳаллӣ (18:15 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.
Дастаҳое, ки дар Баҳрайн ба нимфинал мебароянд, соҳибони роҳхатҳо ба чемпионати ҷаҳон мешаванд, ки соли оянда дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор хоҳад шуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.