Муовини нави Рустами Эмомалӣ

Алишер Урунов, сарвари кулли Лигаи футболи Тоҷикистон ноиби Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид.

Дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, интихоби Урунов дар нишасти навбатии Кумитаи иҷроияи ФФТ, ки рӯзи гузашта, 13 март баргузор шуд, сурат гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, Урунов ба раҳбарият ва Кумитаи иҷроияи ФФТ барои боварӣ изҳори сипос намуда, гуфтааст, талош мекунад ба боварии онҳо сазовор бошад.

Алишер Урунов сеюмин ноиби президенти ФФТ мебошад. Ҳоло курсии ноиби аввалро Хуршед Мирзоев ва як курсии муовиниро Дилшод Ҷӯраев дар ихтиёр доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *