Муовини раиси шаҳр пневмония шуд ё каронавирус?

Абдукарим Шокиров, сардухтури беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб иттилоъ додаст, ки алҳол дар беморхона 30 нафар гирифторони бемории илтиҳоби шуш аз ҷумла муовини раиси ҳукумати шаҳр бо таби баланд бистарӣ мебошанд. Дар ин бора сомонаи “Пайк” хабар медиҳад.

Сардухтури беморхона вазъи саломатии 5 нафар гирифтори илтиҳоби шушро вазнин арзёбӣ карда, афзудааст, ки дар қатори нафарони ҳолаташон бад муовини раиси ҳукумати шаҳри Кӯлоб Кенҷамоҳ Маҷидова низ мебошад.

Манбаъ афзуд, ки сардухтур шикоят аз вазъи таъмини беморон бо маводи хӯрока, набудани дастгоҳи рентгенӣ ва мошини «Ёрии таъҷилӣ» дорад. Шокиров гуфтааст, хуб мешуд мардуми доро ва дастрас дар таъмини беморхона бо маводи хӯрока дасти ёрӣ дароз мекарданд.

Дар идома таъкид шудааст, ки масъулинро мебояд ҳарчи зудтар баҳри самаранок мубориза бурдан бо коронавирус қабл аз ҳама ба табибон дасти ёрӣ дароз кунанд, то ин тоифа мисли ҳамтоҳои дигари худ дар мамолики дигар барои табобати миллат ҷонфидоӣ кунанд ва зикр шудааст, ки ба ҷуз Худо ва ҳамин табибон каси дигар ба миллат кумак карда наметавонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *