Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муовини вазир: Короновирус вориди Тоҷикистон нашудааст (видео)

Мирҳомуддин Камолзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳодисаи мубталошавӣ ба короновирус ба қайд гирифта нашудааст ва ташвишҳои мардуми кишвар беасос мебошад.
Ин нуктаро субҳи имрӯз Мирҳомуддин Камолзода, зимни як брифинг ба хабарнигорон ироа кард.
Брифинги вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баъди қазияҳои ду рӯзи охир дар мавриди овозаи вориди Тоҷикистон шудани вируси нав COVID-2019 сурат мегирад.

https://m.facebook.com/video_redirect/?src=https%3A%2F%2Fvideo.fdyu3-1.fna.fbcdn.net%2Fv%2Ft42.26565-2%2F10000000_821647745013040_183180682989438012_n.mp4%3F_nc_cat%3D103%26_nc_sid%3D985c63%26efg%3DeyJ2ZW5jb2RlX3RhZyI6Im9lcF9zZCJ9%26_nc_ohc%3DrT-eU8YzZ_cAX94awfF%26_nc_ht%3Dvideo.fdyu3-1.fna%26oh%3Dff920a4a0e6afc335c4a02326e54e00e%26oe%3D5E60CD32&source=misc&id=2912452562109013&noredirect=0&watermark=0&refid=52&tn=FH-R


Ёдовар мешавем, ки ташаббусҳои охири ҳукумати кишвар дар мавриди пешгирӣ аз короновирус мардумро ба таҳаллука овардааст. Тайи чанд рӯзи охир дари масоҷид баста, маршировкаҳои наврӯзӣ қатъ карда шуданд.
Ин сабаб шуд, ки аҳолии кишвар ба захираи маводи ниёзи аввали хӯрока машғул шавад. Кор то ба дараҷае расид, ки дар ду рӯзи охир орду равған дар бозорҳо камчин шуд.
Вале Мирҳомуддин Камолзода мегӯяд, ки ташаббусоти ҳукумат ба хотири пешгирии короновирус аст ва аз мардум даъват ба амал меоварад, ки ба овозаҳои бардуруғ дода нашаванд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.