Муовини Вазири фарҳанг даргузашт

Субҳи 19 июни соли равон муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор дар Маркази тиббии №1, маъруф ба беморхонаи Якум Советский аз бемории COVID-19 фавтид. Қурбоналӣ Абдураҳимзода 56 сол дошт ва ҳамагӣ як соли охир, аз 18 июни соли 2020 дар мақоми муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон кор мекард. Ӯ 20 ноябри соли 1964 дар ноҳияи Рўдакӣ ба дунё омада, соли 1988 риштаи китобдории Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Маскав ва соли 2007 Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Абдураҳимзода ду ҳафтаи охир дар беморхона бистарӣ буд ва духтурон ба ӯ нафаси сунъӣ медоданд. Нафаскашиаш хело танг буд. Як духтури бемористон, ки аз гуфтани номи худ ба сабабҳои маълум худдорӣ кард, рӯзи 19 июн тасдиқ кардааст, ки Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор дар ҳақиқат аз бемории COVID-19 фавтидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *