Муовинони сарвазири Тоҷикистон иваз шуданд

Бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва Ширин Исматуллозода, муовинони Сарвазири Тоҷикистон таъин гардиданд.

Имрӯз, 14 феврал Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо қадрҳое, ки дар ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумита ва сохторҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, мулоқот намуд.

Ҳамин тариқ, ба вазифаи муовинони Вазири кишоварзӣ, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат кадрҳои нав таъин шуданд.

Инчунин, бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум ва муовинони Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Мутобиқи банди 9 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати додани ризоият дар бораи аз вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Назарзода Ҳотам Назрулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш, дар бораи аз вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Осимзода Муҳаммадиброҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш, дар бораи аз вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ваҳобов Валӣ Манонович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш, дар бораи ба вазифаи муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳикматуллозода Абдуғаффор, дар бораи муовинони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Талбакзода Дилшод Саид ва Раҳимзода Абдураҳим Абдухолиқ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокурори шаҳри Душанбе, прокуророни ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе, муовинони прокурори вилоятҳои Хатлону Суғд, прокуророни шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, Бӯстони вилояти Суғд, ноҳияҳои Ёвон, Қубодиён, Муъминободи вилояти Хатлон, Ҷаббор Расулов ва Айнии вилояти Суғд иваз гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *