Мурдаи бесоҳиби тоҷикбача дар кӯчаи Филии Маскав

Пулиси Маскав бар асоси сабти видеокамераҳои назоратӣ чеҳраҳои ду гумонбар дар қатли муҳоҷири 28-сола аз ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ)-и Тоҷикистон Ёдгор Маҷидовро мушаххас кардааст.

Гумонбарон аз Қирғизистон будаанд. Иззат Амон, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик гуфт, касе ки ба ёфтани ин ду гумонбар мусоидат кунад, 10 ҳазор доллар ҷоиза мегирад.

Иззат Амон, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо нашри аксҳои ду нафари гумонбар дар куштори муҳоҷири 28-сола аз Тоҷикистон Ёдгор Одилҷонович Маҷидов аз ҳама барои ёфтани ин ду гумонбар, ки зодагони Қирғизистон будаанд, кумак хост.

Иззат Амон рӯзи 23 октябр ба сомонаи «Ахбор” гуфт: «Касе ки дар пайдо кардани ин ду гумонбар кумак кунад, барояш 10 ҳазор доллар ҷоиза хоҳем дод. Агар дар бораи ин ду нафар маълумоте доред, бо ин шумора бо ман дар тамос шавед: +79645594961. Мутмаинам, ки бо кумаки дастаҷамъонаи ҳамватанон қотилони ин муҳоҷири тоҷикро пайдо карда, ба ҷавобгарӣ мекашонем.«

Пулиси минтақаи Филии шаҳри Маскав бар асоси таҳқиқи наворҳои видеокамераҳои назоратии воқеъ дар атрофи маҳалли куштори Ёдгор Маҷидов – бозорчаи назди истгоҳи метрои Фили тавонистааст чеҳраи гумонбарон дар қатли муҳоҷири тоҷикро мушаххас кунад, вале боздошти онҳо ба пулис ҳанӯз муяссар нашудааст.

Иззат Амон дар саҳифааш дар Фейсбук дар ин бора навишт:

Убийцы опознаны, но пока не задержаны.
Два дня назад мы сообщили о нападении на гражданина Таджикистана Маджидова Ёдгора Одилджоновича, 1989 гр.
В результате нападения Маджидов скончался. Убийцы, двое граждан Кыргызстана были опознаны. Объявлен розыск.

Нам удалось найти их фотографии. Пожалуйста, если кто имеет информацию об их местонахождении сообщите нам.
Вознаграждения гарантируем.


 

 

Маҷидов Ёдгор Одилҷонович (ДАР АКСҲОИ ЗЕР), санаи таваллудаш 29 январи соли 1989, зода ва сокини ноҳияи Деваштич( собиқ Ғончӣ)-и вилояти Суғд, дар шаҳри Маскав дар бозорчаи назди истгоҳи метрои Фили дар ғарби пойтахти Русия ҳаммолӣ мекард. Субҳи 21 октябр, соати тақрибан 5, ду нафар ба ин муҳоҷири тоҷик ҳамла оварда, ӯро бо зарби корд ба ҳалокат расонданд. Ҷиинояткорон баъди куштани Ёдгор Маҷидов аз ҷои ҳодиса ғайб заданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *