Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мурдаи мӯйсафед бесоҳиб монд

 

Субҳ хабари ҷон ба ҳақ таслим намудани бобои Саидмуродро шунида табъам хира гашт. Ин марди некдилу некрафторро дар ноҳияи Ҳисор ҳамагон ҳурмату эҳтиром мекарданд, вале писаронаш ба қадри чунин падари бо обрӯ нарасида, ӯро дар дами пирӣ хору зор карданд. Ҳамсояҳо нақл карданд, ки мӯйсафед пеш аз маргаш оҳи сард кашида гуфтааст: «Дар зиндагӣ аз ҳама неъматҳои офаридаи худованд сер гаштам, ба ҷуз дидори фарзанд!»

Момаи Хадича, ҳамсари бобои Саидмурод рӯзи дафни  ҳамсафари зиндагиаш ашки талх рехта, нолакунон мегуфт: «Мӯйсафеди маро ғами дурии фарзандонаш кушт, агар ин дарди ҷонсӯзи фироқ намебуд, шояд мардакам боз чандин соли дигар умр медид…»

Се писари Саидмурод Одинаев-Солеҳ, Дилшод ва Акмал соли 2005 бо зану фарзандонашон ба Русия муҳоҷир шуда, бо ҳамин падару модарро фаромӯш карданд. Холаи Хадича мегӯяд, бобои Саидмурод писаронашро аз ҷонаш бештар дӯст медошт, вале онҳо думболи гапи зан рафта, аз баҳри падару модар гузаштанд. Мӯйсафед аз ин рафтори фарзандон сахт озурда гашта, дарун-дарун ғусса мехӯрд ва билохира ҳамин ғам ӯро аз по афтонд. Бобои Саидмурод то нафаси вопасин интизор буд, ки се писараш бо зану фарзандонашон аз дари хонааш медароянд, вале фарзандони сангдил дар фикри падар набуданд. Ҳамсояи маҳрум Обидҷон Холиқов мегӯяд: “Мо хабари марги бобои Саидмуродро ба фарзандонаш расонидем, вале онҳо ақаллан нагуфтанд, ки Худо раҳматаш кунад”. Писари хурдии мӯйсафед-Акмал баҳона пеш оварда гуфтааст, ки оби рехтаро дигар бардошта намешавад, равем ҳам ба ҷанозаи падарамон «успет» намекунем. «Суханронии фарзандони мӯйсафедро шунида дилам аз оламу одам хунук шуд»,- мегӯяд Обидҷон Холиқов.

Саидмурод Орифов мудири амбори ноҳия буд ва бо ҳамсараш Хадича то рӯзи маргаш мисли Лайлию Маҷнун ҳамдигарро дӯст медоштанд. Бародари маҳрум, бобои Хайрулло мегӯяд: «Се писарро бо гули чиз калон карда, соҳиби оилаи обод гардондан кори ҳар кас нест! Бародари ман то лаҳзаи охири умраш чи коре, ки аз дасташ меомад, барои бачаҳояш кард, вале намаки падарро хӯрда он беинсофҳо ба намакдонаш туф карданд ва ҳатто  ҳавсала накарданд, ки дар рӯзи ҷанозаи падарашон омада аз гӯшаи тобуташ бардоранд…»

 Сокини дигари ноҳия- Мавҷуда Алиева, ки ин оиларо хуб мешинохт, сар ҷумбонда мегӯяд: «Писарони бобои Саидмурод ягон зарра инсофу одамгарӣ надоранд, вале оҳи падар як рӯз не, як рӯз албатта онҳоро мегирад. Марг ба чунин фарзандон, ки мурдаи падари худро ба ҳақу ҳамсоя супорида дар мулки рус кайфу сафо карда гарданд!»

Бобои Саидмуроди 76-сола пеш аз маргаш ба ҳамсараш васият кардааст, ки дар паси дарвоза бо ҳарфҳои калон-калон ин мисраҳоро нависанд, то писаронаш аз муҳоҷират баргашта хонанд:

Сафедори баланд як навдаю сад барги тар дорад,
Писар дар роҳи ишқ афтад, чӣ парвои падар дорад,
Ҳамон фарзанди ноқобил гиребони падар гирад,
Куҷо фарзанди қобил к-аз аҳволаш хабар гирад.

        

 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.