Муроҷиати мухлисони футбол ба Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

Мӯҳтарам раис! Саҳми Шумо оид ба пешрафт ва оммави гардонидани футбол дар кишварамон беназир аст. Мо мухлисони футболи тоҷик аз тамоми канору гӯшаи кишварамон аз Шумо миннатдорем.

Лекин обрую нуфузи Федератсияи футболи Тоҷикистон-ро доварону нозирон, баъзе кормандони федератсия ва хатто ноиб Президенти федератсия бо кирдору рафторхояшон паст зада истодаанд.

Дар даври 4-уми Лигаи дар бозии Истиклол ва Хатлон бо хатогихои зиёди доварон алалхусус сардовар Насрулло Кабиров хисоби бо 2-2 анчом ёфт. Кумитаи танзимоти барои хатогияхош Насрулло Кабировро а 2 давр маҳрум намуд.

Хаммаи инро дидаю дониста Лигаи футболи Тоҷикистон дар бозии марказии даври 7-ум байни дастахои Хучанд ва Истиклол Насрулло Кабировро хамчун сардовари бози эълон намуд. Дар ин бози низ Насрулло Кабиров якчанд карорхои нодуруст ё касдан нодуруст баровард ва ба хисоби бози таъсири худро расонид. То хол он ки бисёри бозингарон ва рохбарияти Истиклол асосан Ҷалиловҳо доваронро дар рафти бози якчанд маротиба дашном доданд.

Дар вакти танаффус бозингарони Исткилол 30 дакика ба бози набаромаданд вале ягон намуд чазо дода нашуданд. Директори Истиклол Ҷаҳонгир Ҷалилов ба ноиб-Президенти Федератсия Алишер Урунов занг зада гуфт, ки тамоми мухлисон аз стадион бароварда шаванд ва баъд Истиклол бозиро идома медихад.

Сол аз сол аз ин гуна муносибати доварон нисбати бозихои халкунанда дили мухлисон аз футбол хунук гашта боварӣ нисбати Федератсияи Футболи Тоҷикистон гум гашта истодааст.

Мухтарам раис! Аз Шумо хохиш менамоем, ки нисбати чунин кормандони бемаъсулияти Федератсия чазо бароварда шавад ва ё чунин кормандон аз вазифаашон сабукдуш карда шаванд, то ба дигарон дарс шавад!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *