Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муроҷиатномаи изтирории ситоди «Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер» ба тоҷикони Афғонистон ва Осиёи Марказӣ

Бо арзи салому одоб ба тоҷикони Афғонистон ва Осиёи Марказӣ, он миллате, ки масъули сохту сози тамаддуни ифтихорофари чаҳонӣ ва парчамбардори арзишҳои башарист!

Ба иттилои ҳамагон ишъор медорем, ки таърихи 23-юми августи соли 2021 (мусодиф бо 3-юми асади соли 1400 ҳиҷрӣ шамсӣ) хилофи урфу усули ваъдаҳои дурӯғин, ба таври аҳдшиканона душмани қасамхӯрдаи мардуми Афғонистон – ҳаракати «Толибон» ба вилояти тасхирнопазири Панҷшер урдуи ғосиби 65 ҳазор нафараи қабилавиро сафарбар кардааст.

Артиши ҷабҳаи муҳофизони Панҷшер ин гурӯҳи ваҳшиёни толибро дар деҳаҳои Доласанг, Пойи Мазор ва Уштулак, ки ҳадафи қатли оми мардумро доранд, ба муҳосира гирифтаанд. Ахбор аз ниҳодҳои кашфии ҷабҳаи Панҷшер восил аст, ки барои ҳамла ба Панҷшер дар қатори толибон қувваҳои зарбатии террористони хориҷӣ низ иштирок менамоянд.

Бо назардошти ҳамлаи қарибулвуқуи толибон ба Панҷшер, аз ҳамаи тоҷикони ғаюр ва ватандӯст дар вилоятҳои Афғонистон талаб карда мешавад, ки ба маҳзи оғози ҷанг дар Панҷшер ба юриши фарогири мардумӣ бархезанд ва қувваҳои ҷангии толибонро дар кӯчаву гузар, деҳаву вулусволиҳо ва шаҳру вилоёти Афғонистон мавриди ҳамла қарор диҳанд. Бояд ҳар хонаву ҳар ғору мағора ба сангари заволнопазири мудофъеони роҳи озодӣ ва истиқлол мубаддал гардад.
Таърих гувоҳ аст, ки мо – Тоҷикон мушкилоти сангини рӯзгорро мутаҳамил мешавем, вале ҳаргиз бенангӣ ва асорати гурӯҳҳои муздурро нахоҳем пазируфт.
Шиори ҳар яки мо дар ин марҳалаи ҳассос ва таърихӣ ин аст: Сар медиҳему сангар намедиҳем.
Аз номи «Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер»,
қумондони кандаки зарбатии 1500 нафара
Мирдоди Панҷшерӣ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.