Ҷ. Муродов: Осорхона не муҳаббатхона (акс ва видео)

Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов осорхонаашро ба як муҳаббатхона ташбеҳ дод, ки дар он садҳо тӯҳфаҳои бадастовардаяш ҳифз мешаванд. Дар осорхонаи Ҷӯрабек Муродов асбобҳои мусиқӣ, либосҳои миллӣ ва дигар тӯҳфаҳои тақрибан сад кишвари дунё гирдоварӣ шудааст. Ҷӯрабек Муродов мегӯяд, ин меҳнати 55 солаи ӯст.

Тӯҳфаи ҳунарманди синамои Ҳиндустон Раҷ Капур, ки соли 1982 барояш тақдим карда буд ҳифз кардааст. Ин тӯҳфа асбоби мусиқии «Ситор» аст, ки беш аз як метр дарозӣ дошта бозгӯи санъати қадимаи ҳиндҳо мебошад. Ҳунарманд гуфт, ки тӯҳфаи Раҷ Капур барояш нодир аст. Бино ба гуфти Ҷӯрабек Муродов осорхонаяш наинки танҳо барои ӯст, балки осорхонаи тамоми санъати дунёст. Мавод дар такя ба сӯҳбати хабарнигори ТВ- СМ-1 таҳия шудааст.

Оид ба осорхонаи Ҷӯрабек Муродов дар шумораҳои баъдии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа намоед.

                                                                                                                                    Фарзона Муродӣ 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *