Мушкилоти оиладорӣ  — доғи рӯзи ҷомеа

Гӯянд санг лаъл шавад дар мақоми сабр,

Оре шавад, лек бо хуни ҷигар шавад.

Ин мисраъҳо, ки аз забони иштирокчиёни дарси кушоди «Оила ва вазифаҳои ҷамъиятии он» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии миёнаи №50 ноҳияи Сино ба забон омад, муҳтавои чорабинии мазкурро дар худ ифода менамуд.

Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Сабоҳат Комилова, ки ҳамзамон масъули баргузории фанни «Маърифати оиладорӣ» дар мактаби номбурда маҳсуб меёбад, ба дарси кушод хонандагони синфи 10 «б» ва омӯзгорони мактабро фаро гирифт

-Мақсади дарси кушоди мо доир ба мавзӯи «Оила ва вазифаҳои ҷамъиятии он» — ин тарбияи арзишҳои инсонӣ дар шогирдон, таҳлили мафҳуми «оила», тарбияи хусусиятҳои ҳаёти оилавӣ, омода намудани шогирдон ба ҳаёти мустақили оилавӣ мебошад, — арзёбӣ кард дар ифтитоҳи дарс муаллима С. Комилова. – Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан мо бо хонандагони синф тайёрии хуб дида, доир ба маърифати оиладорӣ аз қонунҳои дахлдори ҷорӣ маърӯзаҳои мухтасар, рефератҳо, саволу ҷавобҳо, саҳначаҳо ва дигар тадбироти ҷолиб  омода кардаем, ки пешниҳоди ҳозирон мекунем.

Воқеан, гуфтаҳои муаллимаро шогирдонаш бо дониши хуби ҳуқуқӣ аз адабиёти гуногун, Кодекси оилаи Тоҷикистон ва Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ намуда, дар бораи пайдоиши оила, маърифатнокии аъзои оила, вазифаҳои ҷамъиятии он, асосҳои ахлоқии  муносбатҳои ҷавонон, муоинаи тиббӣ ва аҳамияти он, одат ва анъанаҳои зараровар тақвият доданд. Саҳначаҳои «Вазифаҳои  зану шавҳар дар тарбияи фарзанд», «Дӯсти ҷонӣ» ва «Ҷуфти хушбахт» дарси кушодро хеле шавқовару хотирмон карданд.

Ба дарси кушоди муаллима С. Комилова омӯзгорону меҳмонон баҳои хуб гузошта, таъкид карданд, ки фанни «Маърифати оиладорӣ» дар сурати дурусту шавқовар баргузор намудан барои хонандагони синфҳои болоӣ  аҳамияти тарбиявӣ дошта, дониши онҳоро дар бораи оила ва мақоми он дар ҷомеаи имрӯзаи кишвар васеъ мегардонад.

Эмоми НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *