Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мушоҳидони байналмилалӣ вориди Тоҷикистон шуданд

Гурӯҳи мушоҳидони байналмилалӣ, ки раванди интихоботи Президенти Тоҷикистонро мушоҳида мекунанд, тариқи гузаргоҳи марзии «Гулистон»-и шаҳри Исфара вориди Тоҷикистон шуданд.

Дар даромадгоҳи шаҳри Исфара меҳмононро муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода ва раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода истиқбол гирифтанд.

Ба иттилои КМИР, то имрӯз дар Тоҷикистон 258 нафар намояндагони ВАО ва 122 нафар мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Россия, Беларус ва якчанд сафоратхонахои муқими Душанбе номнавис (аккредитатсия) шудаанд.

Интихоботи Президенти Тоҷикистон 11 октябри соли равон баргузор мегардад, ки дар он 5 номзад аз ҳизбҳои сиёсӣ иштирок менамоянд. Барои назорати раванди интихобот нозирони созмону ташкилоти байналмилалӣ даъват шудаанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.