Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муштзани тоҷик ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт

Ду муштзани тоҷик, ки дар мусобиқоти ҷаҳонии бокс дар шаҳри Боку ширкат доранд, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Бинобар иттилои Кумиттаи миллии олимпии Тоҷикистон, Анвар Юсупов, дар вазни то 60 кг баъди ду пирӯзӣ
бо  Эдгарас Скурделис (Литва) ва Алӣ Аҳмад (Покистон) ба ҳисоби  3:0, рӯзи 21 июн дар даври ҳаштякниҳоӣ бар Доменеко Валентино (Италия) бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. Фардо, 23 июн Юнусов дар даври чорякниҳоӣ бо Волкан Гокек (Туркия) қувва меозмояд.Шавкатҷон Раҳимов дар вазни то 64 кило дар нахустин рақобат Енок Мвандила Поулсен (Дания)-ро бо ҳисоби 3:0 мағлуб карда, дар қисмати ҳаштякниҳоӣ Рошиелд Виллямс (Баҳрайн)-ро шикаст дод. Дар даври чорякниҳоӣ (23 июн) бо Кумар Маноҷаз Ҳиндустон ба ринг мебарояд.Муштзанҳое, ки дар вазнҳои то 60 ва 64 кило то мақоми 5-ум мерасанд, соҳибони роҳхати олимпӣ мешаванд.Тоҷикистонро дар мусобиқаи муштзании Боку ҳашт варзишгар намояндагӣ мекард, ки шаш нафари онҳо ноком шуданд.

 

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.