Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мусобиқаи I байналмилалии теннис дар Душанбе

Аз 6 то 21 май дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи I байналмилалии теннис миёни ҷавонон “Tajikistan Open” доир мегардад. Тавре сомонаи КМОТ иттилоъ додааст, ин мусобиқа бори нахуст ба муносибати Соли ҷавонон баргузор шуда, дар он иштироки намояндагони 17 кишвари ҷаҳон дар назар аст.

Мусобиқа аз ҷониби Федератсияи тенниси Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Федератсияи байналмилалии теннис доир гардида, сарпарасти кулли чорабинӣ ва яке аз ташкилкунандагони он меҳмонхонаи «Серена Душанбе» мебошад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.