Музокирот натиҷа надод! Магар Толибон ҷангро идома медиҳанд?

Ато Муҳаммад Нур, ки бо як ҳайати баландпояи ҳукуматӣ ба Доҳа сафар кард, гуфт, ки дар бораи масоили асосӣ ссозиш ҳосил нашудааст
Бино ба маълумоти Sputnik Афғонстон, Ато Муҳаммад Нур, пас аз бозгашт аз Доҳа ба Кобул гуфтааст, ки музокироти ҳайатҳои сатҳи олӣ дар масоили асосӣ ба тавофуқ нарасидааст.

Вай афзуд, ки агар Толибон ҳамлаҳои худро афзоиш диҳанд ва дар бораи ишғоли ҷуғрофияи Афғонистон фикр кунанд, онҳо муқовимат хоҳанд кард.
Нур гуфт, ки ҳайати Толибон дар Доҳа пешниҳод карданд, ки 7000 зиндонии ин гурӯҳро раҳо кунанд ва раҳбарони онҳоро аз рӯйхати сиёҳ барои эътимод бардоранд, аммо ин аз ҷониби онҳо тасдиқ нашудааст.

Ба гуфтаи узви баландпояи ҳукумати Афғонистон, Толибон инчунин пешниҳоди ҳукуматро дар бораи таъсиси кумитаҳо барои иштироки сиёсӣ, таҳкими эътимод ва баррасии конститутсионӣ рад кард.
Дар ҳоле, ки афғонҳо умед доштанд, ки тасмимҳои муҳиме дар ин нишаст оид ба поёни ҷанг ва оташбас гирифта хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, гуфтушуниди ҳайати ҳукумати Афғонистонро Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ва ҷониби Толибонро Мулло Ғанӣ Бародар раҳбарӣ мекарданд. Гуфтугӯи ҳайатҳо тайи ду рӯз дар Доҳа доир гашт.
Дар гуфтушунидҳо танҳо ҷонибҳо итминон додаанд, ки зербиноҳои мулкӣ ҳимоят шуда, талафоти он ҷилавгирӣ мешавад ва ҳамзамон дар умури кумакҳои башардӯстӣ ҳамкорӣ сурат гирифтаву барои ҳамлу нақли воксина ва пешгирии бемории корона монеа эҷод намекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *