Нақши дастони нигорро рӯи чодар дидаем…

Ба муносибати 30 солагии Итиқлолоияти Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии дузандагии шаҳри Душанбе”, ки макони касбомӯзӣ ва ҳунарҳои мардумист, аз рӯи асари директори Литсейи касбии дузандагӣ  Сироҷова Шаҳло Хайруллоевна  тайи 3 моҳ  дар таърих сӯзание духта шуд, ки дарозии он 30 метер буда бараш 6 метерро дар бар мегирад.

Барои офаридани ин асари бебаҳо ва назаррас  90 метр матоъ , 15 руллон флузелин, 3 пачка ручкаи геловий, 150 калоба ришта масраф шудаааст.

Ин ҳунари бисёр заҳматалабро   ороишгар, рассом ва дузандаи моҳир Бунафша Қосимова бо 3 нафар дузандагони ҳамкасбаш  дар муддати се моҳ попур зада ба ҷашни фархундаи Истиқлолияти Тоҷикистон  ҳамчун дастовези идона аз ҷониби Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии дузандагии шаҳри Душанбе” пешниҳод намудаанд.  Ин дастовези беназири муассиса бозгӯи ҳунарҳои нотакрори мардуми кишаварамон мебошад, ки дар он таҷассум гардидааст.  

Ин сӯзании нотакрорро 84 нақш бо рангҳои мухталиф зеб медиҳанд. Дар миёнаҷои он бошад рамзи 30 солагии Истиқлолияти Чумҳурии Тоҷикистон бо рангҳои гуногун кашидадӯзӣ шудааст, ки дар он тамоми нозукиҳои рамз бо ранги риштаҳо ифода ётаанд.

Рангҳо ва нақшҳои дар ин сӯзанӣ офарида шуда, меҳру муҳаббату самимият ва урфу одату фарҳанги мардумони кишварамонро ифодагаранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *