Наҷоти беморони қалб ва як пешниҳоди доктор Сомӣ дар суҳбат бо Шариф Ҳамдампур

Фурсати суҳбат бо доктор Амирҳусайн Сомӣ ба андозаи тамошои манзараи тиру камон аз паси шишаи мошини тездав кӯтоҳ буд. Доктор ин фурсатро аз ҳисоби вақти қабули беморон дар шифохонаи Ибни Сино ба ғанимат гирифта буд.  Лаҳзаҳои аввал дарк кардам, ки ҳамсуҳбатӣ бо ин фарди дар уқёнуси тибби Сино ва муосири Аврупо шиновар на ба он саҳлиест, ки ман мепиндоштам. Ӯ миёни мавҷи андешаҳои аз нӯги қаламаш рӯи варақ рехта як-як сар боло карда, ба саволҳоям посух медод.

— Мегӯянд, ки тибби Эрон дар сатҳи Аврупо қарор дорад. Аммо чӣ боде шуморо ба Тоҷикистон овард?

— Бемористони Ибни Сино. Муассиси ин бемористон бароям бисёр наздик буд. Муддате якҷо фаъолият доштем. Ӯ бароям пешниҳоди кор дар Тоҷикистон кард. Пазируфтам ва ёздаҳ сол аст, ки дар бемористони Ибни Сино кор мекунам.

— Дучори мушкилот нашудед? Кор дар бемористон бароятон осон буд?

— Ибтидои ҳар кор мушкилот дорад. Аммо фазилат ва кордонии роҳбари бемористон ҷаноби Абдухалил мушкилоти моро осон мекунад. Дар бемористон беҳтарин докторони эронӣ ва тоҷик фаъолият доранд. Шароити хуби кор барояшон фароҳам аст. 

10 табиби беҳтарини эронӣ, ки дар бемористони Ибни Сино кор мекунанд ва ҳамкорӣ доранд: Ҳабибуллоҳ Мусавибаҳор — эндоуролог, Аббос Таваккулиён — эндокринолог, Аҳмадалӣ Фирдавсӣ — офталмолог, Алиасғар Булӯриён — ҷарроҳи дил, Сиёвуш Мансурӣ — гастроэнтеролог, Сосон Меҳробӣ — урологи кӯдакон, Шаҳриёр Амирҳасанӣ — уролог-ҷарроҳ, Муҳаммадӣ — ҷарроҳи рӯй ва зебоӣ, Ризо Баҳромӣ — аудиолог, шунавоӣ…

— Соле чанд рӯз дар Тоҷикистон ҳастед?

— Ин суолро бисёриҳо додаанд. Соле шаш моҳ дар Тоҷикистон ва шаш моҳ дар Эрон ҳастам.

Доктор Амирҳусайн Сомӣ Алдубонӣ фориғтаҳсили Донишгоҳи тиббии Теҳрон аст. Домони фаррохи илм ӯро аз рустоҳо то шаҳрҳои бузурги Эрон ва аз он ҷо ба Фаронсаю Олмону Амрико мебарад. Чун дар Эрон сухан аз бемории қалб меравад, миёни даҳ нафар табибони бо аҷал дастбаргиребон, номи Доктор Амирҳусайн Сомиро ба забон меоранд. Ӯро барои ҷарроҳӣ, табобат, машварат ба Аврупою Амрико даъват мекунанд.

— Системаи тибби Тоҷикистонро чӣ гуна дарёфтед ва онро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

— Системаи омӯзишии тибби Тоҷикистон ҳанӯз ҷавобгӯи талаби рӯз нест. Аслан донишҷӯи макотиби олии тиббӣ бояд забони англисиро хуб донад, аз манобеи илмӣ ва китобҳои дарсӣ, ки дар донишкадаҳои олии тиббии мамолики ҷаҳон яксонанд, истифода кунад. Ин манбаъҳо барои донишҷӯён дастрас нест. Зеро онҳо ба тоҷикӣ ва русӣ тарҷума намешаванд. Надонистани забони англисӣ монеи баҳрабардории онҳо аз сарчашмаҳо мегардад. Онҳо ба забони русӣ мехонанд, вале  китобҳои дарсӣ надоранд. Агар дошта бошанд ҳам, куҳна, аз замони собиқ боқӣ мондаанд. Ҳол он ки, тиб ҳамарӯза пеш меравад.

Албатта, ин китобҳо дар Тоҷикистон нестанд, вале бояд онҳоро аз китобхонаҳои электронии ҷаҳонӣ истифода баранд. Ҳар сол дар Эрон барои муҳассилини макотиби олӣ китобҳои зиёд тарҷума ва омода мешаванд. Донишҷӯён бояд аз анатомия, биохимия, физика ва дигар фанҳои дақиқ огоҳ бошанд, хонанд. Вале амал собит месозад, ки аксари онҳо намехонанд, дониши появии онҳо заиф боқӣ мемонад.

Бояд ҳар як донишҷӯ баъд аз хатми мактаби олии зинаи бакалавр ҳатман як сол зинаи ординатураро хонад, зеро ин зинаи таҳсилот барои хуб тахассусӣ шудани табиби оянда зарур аст. Бояд дар ин зина ҳар табиби оянда таҳқиқот барад, аз амалия ва назарияи тиббӣ огоҳӣ пайдо кунад. Дар Амрико як системаи хубе роҳандозӣ шудааст: ҳар муҳассили хатмкардаи донишгоҳи тиббӣ бояд пеш аз ба кор қабул шудан ду имтиҳон супорад, то соҳиби ҷойи кори хуб ва дипломи пизишкӣ гардад: имтиҳони появӣ-миллӣ ва қабл аз интернӣ. (Он чӣ, ки дар мо назария ва амалия мегӯянд). Ман 11 сол мешавад, ки дар Бемористони Ибни Сино фаъолият дорам. Зиёд ба назар мерасад, ки инҷо, вақте донишҷӯён барои таҷрибаомӯзӣ аз тарафи донишгоҳ меоянд, ба онҳо амалӣ хуб роҳ нишон намедиҳанд, аз онҳо истифода намебаранд. Бояд донишҷӯро фаҳмид, ба вай роҳ нишон дод, ӯро омӯхт ва омӯзонд. Вале дар системаи тибби Тоҷикистон чунин нест. Аввал бояд ба дарсҳои амалии донишҷӯён тавваҷҷуҳ зоҳир кард, зеро ҳама чиз аз таҷриба оғоз мешавад. Онҳо бояд дар амал корро ёд гиранд, ҳар ду ҷониб масъулияти зиёде бар дӯш дошта бошанд. Донишҷӯ дар вақти таҷрибаомӯзӣ бояд бо бемор шинос бошад, аз бемориҳои мариз огоҳӣ пайдо намояд, вайро эҳтиром кунад. Дар додани тахассус ва омода кардани мутахассис Тоҷикистон бояд ба дигар давлатҳо такя кунад, аз онҳо таҷриба омӯзад.

— Доктор Сомӣ, шумо дар бораи имтиҳони миллӣ ҳарф задед. Имтиҳони миллӣ аз имтиҳони тестӣ чӣ фарқ дорад?

— Фарқи зиёд дорад. Дар имтиҳони миллӣ на донишҷӯ мефаҳмад, ки кадом устоде аз вай имтиҳон мегирад, на устод аз кӣ будани донишҷӯ хабар дорад. Дар Тоҷикистон чунин шакли имтиҳон вуҷуд надорад. Ҳар устод аз донишҷӯйе, ки ба ӯ дарс гуфтааст, имтиҳон қабул мекунад. Инро бояд аз байн бурд. Шакли имтиҳони миллӣ чунин аст, ки аз суолҳое, ки мутахассисон омода мекунанд, ҳеҷ устоде аз донишгоҳ  хабар надорад. Мутахассисоне, ки имтиҳон мегиранд, умуман ба донишгоҳи тиббӣ робита надоранд, мутахассисони пизишкии сатҳи байналмиллалӣ ҳастанд, аз донишгоҳ ва пажуҳишгоҳҳои мухталиф дар як меҳмонхонае давоми як моҳ ҷамъ оварда мешаванд ва то анҷоми имтиҳон бо онҳо касе иртибот гирифта наметавонад. Донишҷӯён тайи ду рӯз ба онҳо имтиҳон месупоранд: як рӯз имтиҳони назариявӣ ва рӯзи дигар имтиҳони амалӣ. Аз донишҷӯёни худ имтиҳон гирифтан аслан дуруст нест. Аз донишҷӯе, ки ман барояш дарс гуфтам, бояд як устоди дигар имтиҳон гирад. Дар Тоҷикистон устоде, ки тӯли чанд сол ба донишҷӯ дарс гуфт, боз аз донишҷӯйи худ имтиҳон мегирад, ки ин аслан дуруст нест.

— Шумо дар ду кишваре, ки низоми тиббашон аз ҳам фарқ мекунад,  ба ҳайси доктор кор мекунед. Беморӣ метавонад ба низом  иртибот дошта бошад?

— Не. Дар Тоҷикистон беморони фишорбаландӣ ва модарзодӣ бисёранд.  Махсус модарзодӣ, ки ба табобати онҳо кам таваҷҷуҳ мешавад. Бояд хурдсолони гирифтори бемориҳои қалбӣ табобат шаванд. Дар Тоҷикистон имкони табобат, ҷарроҳии онҳо ҳаст, масалан бар Бемористони Ибни Сино.

— Пас, мушкилот дар чист?

— Мушкилот дар тарбияи мутахассисони соҳаи тиб аст. Мутахассисеро, ки дар Тоҷикистон донишгоҳи  тиббиро хатм мекунад, ҳанӯз наметавон ба унвони як табиби кардиолог муаррифӣ кард. Зеро ӯ ҳанӯз мутахассис, пурра ба талаботи соҳаи тиб ҷавобгӯй нест. Имтиҳон дар донишгоҳҳои тиббӣ барои муҳассилин набояд тестӣ бошад, мутахассисони пешрафта ва хориҷӣ бояд шифоҳӣ имтиҳон гиранд. Чӣ гуна табибе, ки фардо беморонро бояд табобат кунад, бо тест имтиҳон месупорад?

— Табобати беморони қалб дар Эрон чӣ гуна роҳандозӣ шудааст?

— Тибби қалбӣ дар Эрон пешрафта аст, мутахассисон дар ин соҳа зиёданд. Фикр мекунам, ки дар муолиҷаи бемории қалбӣ Эрон дар як поя бо Аврупо, Амрико қарор дорад.

— Бемории қалбиро бемории иҷтимоӣ мегӯянд. Шумо ҳам ба ҳамин назаред?

— Як бахшаш бемории иҷтимоӣ аст. Ҳар қадар, ки шаҳрнишинӣ, истеъмоли хӯрокҳои “fast food”, стресс, кашидани сигор, нос бештар мегардад, бемории қалбӣ зиёд мешавад.

Дар Тоҷикистон ҳанӯз муваффақ нашудаанд шабакаи дармони сактаи қалбӣ ва сактаи мағзиро ба роҳ монанд, ки он асоси дармони бемориҳои қалбӣ аст. Ҳар фарде, ки ба он гирифтор мешавад, ҳатман бояд дар соати аввали беморӣ ба бемористон интиқол ёбад ва барояш стенд зада шавад.

Инро дар хориҷа “stend for live” мегӯянд. Дар Аврупо ва Амрико агар хоҳанд донанд, ки як кишваре барои дармони бемориҳои қалбӣ чӣ андоза пешрафт кардааст, мепурсанд, ки чанд фоиз аз беморони қалбӣ стенд зада шуданд. Кишварҳое, ки ин шабакаро дуруст кардаанд, болои 95%, агар раг баста аст, стенд мезананд.

Дуюм, сактаи мағзӣ (инсулт) аст, ки боиси фалаҷ гаштани бадан мешавад. Ин шабака ҳам мутаассифона дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Ин беморӣ доруи махсус мехоҳад, ки лахтаҳоро ҳал мекунад. Он ҳам дар бемористонҳо дастрас нест.

Ин ду шабака бояд ҳатман дар Тоҷикистон таъсис шаванд.

— Барои табобати сактаи мағзӣ чӣ муҳим аст?

— Муҳим аст, ки дар 4 соати аввал мариз ба бемористон оварда шавад ва доруҳое, ки лахтаи хунро ҳал мекунанд, мавриди истифода қарор гиранд. То 6 соат ҳам метавон ин корро кард. Вале ин доруҳо дар бемористони шумо нест ва шабака ҳам арзи вуҷуд накардааст. Дар ин самт корҳои омодагирӣ ҳаст, аммо бояд ин ду шабака тарроҳӣ ва неруҳояш омода шаванд. Лоақал ибтидо дар шаҳрҳое чун Душанбе (дар чор ноҳия), Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар.

Як мавзӯи муҳим

— Дар бемористони Ибни Сино тӯли даҳ соли охир панҷ-шаш докторҳои сатҳи ҷаҳонӣ — доктор Булуриён, доктор Мусавӣ (раиси донишгоҳ), доктор Тавкалиён, ки раиси яке аз донишгоҳҳои бузурги дунёст, Доктор Аҳмадалии Фирдавсӣ — ҷарроҳи чашм, Сайид Ҳабибуллоҳ Мусавибаҳор — эндоуролог, собиқ ректори Донишгоҳи улуми пизишкии Эрон,  доктор Сиёваш Мансурӣ, доктор Алавӣ, банда кор мекунем. Мо тасмим доштем ва ҳанӯз ҳам дорем, ки як Донишкадаи пизишкии сатҳи байналмилалӣ дар Тоҷикистон бунёд кунем, дар кори он устодони тоҷик, эронӣ, рус ва ғайраро ҷалб намоем. Тоҷикистон беҳтарин мутахассисон соҳаи тибро дошт ва дорад, ки дар Русия, Аврупо ва Амрико парешонанд. Онҳоро бояд ҷамъ овард. Дар Амрико тоҷике ҳаст, ки китоби ӯ “Эхо — Кардиография” дар тамоми донишкадаҳои тиббии дунё ҳамчун китоби дарсӣ таълим дода мешавад. Номаш ҳам Тоҷик. Чунин мутахассисони тоҷик зиёданд, ки шароити иқтисодӣ онҳоро водор сохтааст барои кор дари бемористонҳои кишварҳои дигар, хусусан Русия, Қазоқистон, Туркия, Аврупо ва Амрикоро кӯбанд. Ман инро “ҷараёни хунрезии пизишкии Тоҷикистон” ном мебарам. Лозим аст, ки онҳо дубора баргардонида шаванд, шароити хубе барояшон фароҳам оварда шавад.

Бунёди чунин як Маркази пизишкӣ эътибори байналмилалии тибби тоҷикро баланд мебардорад. Як теъдод пизишкони сатҳи байналмилалӣ тарбият меёбанд, беморон табобат мешаванд, прусаи пизишкӣ иваз мегардад. Мутахассис ҳаст, сохтмон ҳаст, созмондиҳандагон ҳастанд, вале як ҳиммат ва иродат аз ҷониби сохторҳои марбута мехоҳад, ки он тарҳрезӣ ва бунёд гардад.  Пеши роҳи “ҷараёни хунрезии пизишкии Тоҷикистон” — муҳоҷират ба Русия, Туркия, Эрон, Қазоқистон, Амрико ва дигар кишварҳо гирифта шавад.

Тоҷикистон, ки сарзамини куҳистон аст ва боду ҳавои хубе дорад, ба маркази ҷаҳонии табобати бемориҳои қалбӣ табдил меёбад.

P.S.

Имрӯз Доктор Сомӣ зодрӯз доранд. Ба ин муносибат аҳли эҷоди ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj соҳибҷашнро табрик мегӯянд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.