Нафақа ё матиматикаи олӣ

 

Гирифтани он акнун осон нест, маош аз соли 1999, собиқаи корӣ аз оғози фаъолият,  саҳмҳои суғуртавӣ, коэфисент ва боз чизҳои зиёди дигар ҳангоми ба нафақа баромадан ба эътибор гирифта мешавад.

 

 

Мусоҳиба  бо сардори  Раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳакимов

 

-Аз 1 январи соли 2017 таъминоти нафақаи шаҳрвандон пурра дар асоси низоми нави таъминоти нафақа амалӣ карда мешавад. Мехостем барои хонандагони “Тоҷикистон” низоми нави таъминоти нафақа ва принсипҳои асосии онро шарҳ медодед.

Тавре шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доранд, дар доираи татбиқи ислоҳоти соҳаи нафақа аз 1 январи соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», ки низоми нави таъминоти нафақаро пешбинӣ менамояд, қисман ва аз 1 январи соли 2017 пурра мавриди амал қарор дода шуд. Яъне, аз 1 январи соли ҷорӣ таъмини нафақаҳои шаҳрвандон дар асоси шарт ва меъёрҳои қонуни мазкур амалӣ карда мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» бо принсипҳои суғуртавӣ асос ёфта, тибқи муқаррароти он андозаи нафақаи шаҳрванд на аз музди миёнаи меҳнати давраи муайян, яъне 2 соли охири фаъолият ё 5-солаи пай дар пайи интихобии тамоми давраи фаъолият, балки аз рӯи саҳмҳои суғуртавие, ки дар тамоми давраи дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор доштани шаҳрванд барои ӯ аз ҷониби корфармо пардохт карда шудааст ё худи ӯ бевосита ба таври инфиродӣ пардохт намудааст, вобаста мебошад ва дар баробари ин, бисёрҷанбагии маблағгузории қисмҳои нафақаро пешбинӣ менамояд.

 

-Мегӯянд, ки  ин қонун чанд намуди нафақаро дар бар мегирад?

-Қонун мазкур ду намуди таъминоти нафақаро пешбинӣ намудааст:

1) таъминоти нафақаи суғуртавӣ;

2) таъминоти нафақаи давлатӣ (яъне нафақаҳои иҷтимоӣ).

Ҳамчунин, мувофиқи қонуни зикргардида барои шахсоне, ки рӯзи пурраи корӣ ба корҳои зеризаминӣ, корҳои дорои шароити махсусан зарарнок ва махсусан вазнин, зарарноку вазнин, инчунин ба корҳои дорои шароити махсуси меҳнат машғул мебошанд, таъминоти нафақаи касбӣ пешбинӣ гардидааст, ки шартҳо ва тартиби он бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян гардидаанд.

 

-Мегуфтед, ки кадом категорияҳои шаҳрвандон ба нафақаҳои суғуртавӣ ҳуқуқ доранд ?

-Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ба нафақаҳои суғуртавӣ ҳангоми расидан ба синну соли нафақавӣ, муқаррар гардидани маъюбӣ ё маҳрум шудан аз саробон шаҳрвандоне ҳуқуқ доранд, ки на камтар аз 60 моҳ (ба истиснои нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол бо истифодаи имтиёзҳо) собиқаи суғуртавӣ дошта бошанд. Собиқаи суғуртавӣ даврае ба ҳисоб меравад, ки аз музди меҳнат ва даромади дар ин давра бадастовардаи шаҳрванд саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (яъне андозҳои иҷтимоӣ) ба мақомоти ваколатдори давлатӣ пардохт шуда бошад.

Нафақаҳои суғуртавӣ аз рӯи синну сол бо истифодаи имтиёзҳо дар сурати доштани собиқаи суғуртавии зарурии барои ҳамон категория пешбинишуда ва расидан ба синни нафақавии муқарраршуда таъин карда мешаванд.

-То ҷое ки ба мо маълум гардид, мувофиқи қонуни дар боло зикршуда нафақаҳои суғуртавӣ аз чанд қисм иборат мебошад. Кадом қисмҳо?

-Бале. Тавре дар боло зикр намудем, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» бисёрҷанбагии низоми таъминоти нафақаро пешбинӣ менамояд. Таркиби нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол ва аз рӯи маъюбӣ аз  қисмҳои зерин иборат мебошад:

— қисми суғуртавӣ;

— қисми захиравӣ.

Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон танҳо аз қисми суғуртавӣ иборат мебошад.

Қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ аз рӯи саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, ки 90% аз ҳаҷми умумии маблағи андози иҷтимоии 25-фоиза муқаррар карда шудааст, маблағгузорӣ карда мешавад. Яъне, ҳангоми ҳисоб намудани андозаи қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ 90 фоизи тамоми саҳмҳои суғуртавии аз соли 1999 инҷониб барои корманд ё бевосита аз ҷониби худи корманд пардохтшуда, ки дар қисми умумии суратҳисоби инфиродии ҳар як шаҳрванд ташаккул ёфтааст, муайян карда мешавад.

Қайд кардан лозим аст, ки зимни ҳисоби қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ маълумоти моҳ ба моҳи музди меҳнат ё даромади шаҳрванд ба асос гирифта мешавад. Тавре шаҳрвандони муҳтарам иттилоъ доранд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1999 инҷониб низоми баҳисобгирии инфиродӣ ҷорӣ карда шудааст ва барои ҳар як шаҳрванд, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор мегирад, рақами мушаххаси суғуртавӣ дода шуда, суратҳисоби инфиродӣ кушода мешавад. Аз рӯи талаботи қонунгузории соҳа бояд дар суратҳисоби инфиродии шахс тамоми маълумоти музди меҳнат ва даромади суғурташудаи шахс инъикос карда шаванд ва зимни муроҷиат барои таъини нафақа маҳз ҳамин маълумотҳо истифода бурда мешавад.

Собиқаи кории шаҳрвандон, ки ба давраи то 1 январи соли 1999 рост меояд, бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конвертатсия карда шуда, бо пул ифода карда мешавад. Зимни конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавии шаҳрванд барои ҳар як моҳи пурраи фаъолияти кории ӯ, ки то 1 январи соли 1999 рост меояд, маблағи сармояи шартии нафақавӣ ба андозаи 120 сомонӣ муқаррар гардида, дар қисми умумии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ба ҳолати 1 январи соли 2013 нишон дода мешаванд.

Бо мақсади нигоҳдорӣ аз беқурбшавӣ ва ҳифзи қобилияти харидорӣ маблағи дар суратҳисоби инфиродии шаҳрванд ба ҳолати рӯзи муроҷиаташ индексатсия карда мешаванд.

Маблағи бо назардошти индексатсия ҳосилшуда, ки сармояи шартии нафақавӣ ном дорад, ба давраи пардохти эҳтимолӣ, ки то 1 январи соли                    2017-ум 120 моҳ ва аз 1 январи соли 2017-ум 180 моҳ муқаррар гардидааст, тақсим карда мешавад ва андозаи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ ҳосил мешавад.

Дар мавриди ҳисоби нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон бошад, барои муайян намудани нафақа ба аъзои ғайриқобили меҳнати оила, саҳмҳои суғуртавии саробон ба инобат гирифта мешаванд ва андозаи нафақа аз рӯи он муайян карда мешавад. Яъне, агар саробони фавтида на камтар аз 60 моҳ собиқаи суғуртавӣ дошта бошад, ба аъзои оилаи ӯ, ки ба чунин нафақа ҳуқуқ доранд, нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон таъин карда мешавад.

Қисми захиравии нафақаҳои суғуртавӣ аз рӯи синну сол ва аз рӯи маъюбӣ бошад, аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоии инфиродие, ки ба андозаи                         1 фоиз корманд бевосита аз музди меҳнаташ дар давраи фаъолияти меҳнатӣ пардохт намудааст, бо назардошти даромад аз сармоягузории онҳо дар бонкҳо муайян карда мешавад.

Барои муайян намудани андозаи қисми захиравии нафақаҳои суғуртавӣ аз рӯи синну сол ва аз рӯи маъюбӣ маблағи умумии андӯхтҳои нафақавӣ, ки бо назардошти индексатсия аз рӯи даромад аз ҳисоби сармоягузории онҳо ба ҳолати рӯзи муроҷиат муайян карда шудааст, ба шумораи моҳҳои давраи пардохти эҳтимолӣ, ки то 1 январи соли 2017 ба 120 моҳ ва пас аз 1 январи соли 2017 ба 180 моҳ муқаррар шудааст, тақсим карда мешавад.

Дар сурате ки андозаи маблағи ҳосилшуда ба даҳкаратаи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида баробар ё аз он зиёд бошад, дар ин маврид маблағи мазкур ҳамчун қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ муқаррар карда мешавад.

Барои муайян намудани андозаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол ё аз рӯи маъюбӣ маблағи муайянгардидаи қисми суғуртавӣ бо маблағи муайянгардидаи қисми захиравӣ ҷамъ карда мешавад. Дар сурате, ки андозаи андӯхтҳои нафақавӣ аз маблағи даҳкаратаи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида кам бошад, дар ин маврид маблағи мазкур якдафъаина бо тартиби муайянгардида ба нафақагир пардохт карда мешавад.

Аммо, тибқи талаботи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ дар ҳолати мавҷуд будани маблағи андӯхти нафақавӣ, пас аз расидан ба синни ниҳоии нафақа ҳисоб, муқаррар ва пардохт карда мешаванд.

Агар дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахси суғурташудаи вафоткарда маблағи андӯхти нафақавӣ ҷамъ шуда бошад, маблағи мазкур ба ворисонаш якдафъаина ҳисоб ва пурра пардохт карда мешавад.

 

— Ба нафақаҳои давлатӣ кадом категорияҳои шаҳрвандон ҳуқуқ доранд ?

— Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» дар баробари таъминоти нафақаи суғуртавӣ, ҳамчунин таъминоти нафақаи давлатиро пешбинӣ менамояд ва шаҳрвандоне, ки аз 60 моҳ камтар собиқаи суғуртавӣ доранд, дар ҳолати ба синну соли нафақавӣ расидан ё маъюб эътироф гардидан ба онҳо нафақаи иҷтимоӣ таъин карда мешавад.

Дар мавриди таъини нафақа барои маҳрум шудан аз саробон низ чунин талабот муайян гардидааст.

— Овозаҳо дар атрофи боло бурдани синну соли нафақа дар Тоҷикистон зиёданд. Воқеият чист ?

-Овозаҳо дар мавриди баланд бардоштани синну соли нафақавӣ воқеият надоранд.

 

— Шаҳрвандони Тоҷикистон —  муҳоҷирони меҳнате, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият доранд, чӣ гуна ба нафақа мебароянд ?

-Таъминоти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ дар дигар давлатҳои кору фаъолият намудаанд, дар айни замон дар асосҳои умумӣ аз рӯи тартибе, ки дар боло баён доштам, амалӣ карда мешавад. Яъне, дар сурати ба нафақа ҳуқуқ пайдо намудан, агар муҳоҷири меҳнатӣ на камтар аз 60 моҳ собиқаи суғуртавӣ дошта бошад ва аз рӯи музди меҳнат ва даромади бадастовардааш ба мақомоти ваколатдори давлатӣ саҳмҳои суғуртавӣ пардохт гардида бошад, ба ӯ нафақаи суғуртавӣ таъин карда мешавад. Дар сурате ки аз 60 моҳ камтар собиқаи суғуртавӣ дошта бошад, ба ӯ нафақаи давлатӣ, яъне иҷтимоӣ таъин карда мешавад. Давраи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ берун аз мамлакат сурат гирифтааст, зимни ҳисобу таъини нафақа ба инобат гирифта намешавад, зеро дар айни замон масъалаи ба мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додани маблағи саҳмҳои суғуртавие, ки онҳо аз музди меҳнат ё даромадашон дар дигар давлатҳо пардохт менамоянд, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии байнидавлатӣ ба танзим дароварда нашудааст.

 

— Нафароне ҳастанд, ки баъди нафақа баромадан тариқи шартномавӣ дар ин ё он муассиса фаъолият менамоянд, магар ин ба ҳаҷми нафақаашон  таъсир мерасонад ?

-Мувофиқи моддаи 46 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» пешбинӣ гардидааст, ки нафақагироне, ки пас аз таъини нафақаи суғуртавӣ фаъолияти меҳнатии худро идома медиҳанд ва аз музди меҳнат ё даромади бадастовардаашон саҳмҳои суғуртавӣ пардохт карда мешавад (ё худи ӯ бевосита пардохт менамояд), ҳуқуқ доранд, ки як маротиба пас аз қатъ намудани фаъолияти меҳнатӣ андозаи нафақаашонро бозҳисобӣ намоянд. Бозҳисобии андозаи нафақа дар сурате амалӣ карда мешавад, ки агар нафақагир на камтар аз 24 моҳ пас аз таъини нафақаи суғуртавӣ фаъолияти меҳнатиашро идома дода бошад.

 

Онҳое, ки мукофоти давлатӣ доранд, ба чанд фоиз иловапулӣ ба нафақаашон умед баста метавонанд ?

Мувофиқи талаботи қонунгузории соҳаи таъминоти нафақа шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд, ҳуқуқи гирифтани иловапулӣ ба нафақаҳоро доранд. Андозаи иловапулӣ ба нафақа барои мукофотҳои давлатӣ бошад, мувофиқи моддаҳои 24, 25, 26 ва 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда шудааст ва зимни таъини нафақа, агар шаҳрванд бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардида бошад ва тибқи талаботи қонуни мазкур ба иловапулӣ ҳуқуқ дошта бошад, дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пешниҳоднамудааш аз ҷониби сохтори дахлдори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри (ноҳияи) ҷойи истиқомат ба ӯ иловапулӣ ҳисоб ва муқаррар карда мешавад.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *