Нахустин медали “75 солагии ғалаба дар ҶБВ” дар Тоҷикистон

Санаи 27 январ дар маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе ба иштирокчии Ҷанги бузурги ватанӣ Олег Соболев медали ҷашнии “75 солагии ғалаба дар ҶБВ” супорида шуд. Ин нахустин медали ҷашнӣ дар Тоҷикистон буда, онро сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов эъто кард.

Дар чорабинии мазкур хизматчиёни ҳарбии дивизияи 201-и Русияи мустақар дар Тоҷикистон ягона собиқадори зиндамонда аз ин муҳосира дар ҷумҳури Олег Дмитриевич Соболеви 96-соларо табрик карданд.

Олег Соболев дар синни 17 солаги пайроҳаи ҷангии худро сар карда то ба лонаи фашистон-Берлин ҷангидааст. Дар давраи ҷанг бо ордени ҷанги бузурги ватанӣ дараҷаи -1, медалҳо барои муҳофизати Ленинград, барои озодкунии Прага ва ғалаба ба Германия мукофотонида шудааст. Олег Соболев зиёда аз 50-сол аст,ки аъзои иттифоқи журналистони СССР мебошад. Ӯ барои рушди илму фарҳанг дар Тоҷикистон хизматҳои шоён кардааст. Соли 2013 китоби ӯ бо номи “Под Ленинградом в дни блокады» аз чоп баромадааст.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, Олег Дмитриевичро бо чунин рӯзи хотирмон ва таърихӣ табрик карда ба ӯ мукофоти давлати худро супорид.

Мумтоз

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *