Нахустин сафари хориҷии Рустами Эмомалӣ

Субҳи имрӯз, 3 декабр Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ба манзури дидор бо ҳамтои ӯзбекаш ба шаҳри Тошканди Ӯзбекистон рафт.

Ин нахустин сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба унвони раиси шаҳри Душанбе аст.

Бино ба хабари “Азия-Плюс”, дар назар аст, дар ҷараёни сафар вай бо Ҷаҳонгир Ортиқов, раиси шаҳри Тошканд дидор ва масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ миёни Душанбе ва Тошкандро баррасӣ кунад.

Рустами Эмомалӣ дар соли 2017 раиси шаҳри Душанбе таъйин шуда ва то ба ҳол сафари расмие ба хориҷи кишвар анҷом надодааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *