Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Нахустнамоиши нахустин филми Тахмина Раҷабова

Тахмина Раҷабова – журналист ва ҳунарпешаи синамои тоҷик бо пешниҳоди нахустин филмаш бо забони русӣ –“Обмани себя” қадам ба соҳаи коргардонӣ гузошт. Филми мазкур кӯтоҳметраж буда, 28 дақиқаро дарбар мегирад. Он 19 –уми декабр, соати 13:00 дар кинотеатри “Зебуниссо” пешниҳоди собиқадорони соҳаи кино, синамогарони шинохта ва журналистон гардид.

Тахмина Раҷабова айни ҳол донишҷӯи курси 1 – уми Донишгоҳи давлатии умумироссиягии кинематографӣ (ВГИК) буда, филми “Обмани себя” – ро барои ҳимояи кори курсиаш офаридааст. Ӯ мегӯяд “Валерий Бакиевич Ахадов устоди ман дар ин соҳа ҳастанд ва бо супориши он кас ин филмро барои кори курсиам ба навор гирифтам. Сабаби ба устодон ва ҳампешагон пешкаш кардани нахустнамоиш он аст, ки бояд онҳо пас аз тамошо назару ақидаҳои худро оиди филм баён кунанд, ин ба ман мактаби таҷриба хоҳад буд. Ман кори худро аллакай тариқи онлайн ҳимоя кардаам”.

Қаҳрамонони марказии филм Хуршед (Хуршед Мустафоев) ва Малика (Мариана Баракбаева), ки дар даврони мактабхонӣ ошиқи ҳам буданд, бо сабаби як нофаҳмӣ аз ҳам дур мешаванд ва ғурур онҳоро намегузорад, ки тӯли солҳои зиёд ба ҳам оянд. Ҳатто аз имконияти дубора тақдимкардаи тақдир ҳам истифода бурда наметавонанд. Боз ҳамон ғурур ин дафъа байнашон ҷудоии абадӣ меандозад.

Пас аз тамошои филм раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдод ҳозиринро даъват кард, то фикру ақидаи хешро оид ба бурду бохти нахустфилми Тахмина Раҷабова баён кунанд. Аксари тамошобинон ба ҳунари режиссёрии Тахмина ва ҳайати эҷодии филм баҳои баланд дода, ӯро ба муносибати ин муваффақияташ муборакбодӣ карданд. Аз ҷумла, Манзура Турсунова – рассоми кино маҳорати қаҳрамонони нақшҳои асосиро хеле олӣ арзёбӣ карда, диди тоза доштани Тахмина Раҷабоваро таъкид кард. Инчунин аз ҳунари наворбардории операторон низ ёдовар шуд. Ӯ бо тантана эълон кард, ки ба соҳаи филмофарии тоҷик боз як режиссёри соҳибистеъдод қадам гузошт.

Дар охир Тахмина Раҷабова ба ҳамаи саҳмдорони филм арзи сипос карда, аз ташрифи меҳмонон изоҳори шодӣ кард.

Шодмон Кенҷаев

Ҳамзамон кори савоб медонед, ки 10 акси беҳтарини суратгир Дидор Садуллоевро аз нахустнамоиши мазкур ин ҷо гузорем.


Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.