Оғози намоиш-фурӯши маҳсулот дар “Кохи Борбад”

Имрӯз, 4 май дар Маҷмаи давлатии “Кохи Борбад” намоиш-фурӯши маҳсулоти ватанӣ дар доираи лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2017” баргузор гардид.

Дар ибтидои ифтитоҳи намоиш-фурӯши маҳсулот Шаҳноза Ҳамдамова, директори Агентии “Тайрон”  иброз дошт, ки  медиахолдинги «Оила» соли чорум аст, озмун-намоишгоҳи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон»-ро  баргузор менамояд. Ин намоишгоҳ дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашта, мақсад аз он дастгириии соҳибкорони ватанӣ,ташвиқи молу маҳсулот ва хизматрасонии онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад. Имсол дар ин намоиш-фурӯши маҳсулот зиёда аз 30 корхонаҳои хурду калони ҷумҳурӣ иштирок карда истодаанд. Ин иқдом боиси он мегардад, ки тамғаи корхонаҳо шинохта мешаванд,маҳсулоташон ташвиқ ва доираи харидоронашон зиёдтар мегардад.

Манзура Рустамова, муовини аввали Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон зимни баромади хеш қайд намуд, ки ин гуна чорабиниҳо дар заминаи сиёсати пешгирифтаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, мақсад асосӣ дастгирии истеҳсолкунандаи ватанист. “Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ солҳои 2016-2020 давраи  дастгирии  соҳибкории истеҳсолӣ эълон карданд. Хушбахтона, ҳоло дар ҷумҳурӣ корхонаҳои истеҳсолии муваффақ рӯ ба афзоиш доранд ва бештарашон дар баробари таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти худӣ,  ба хориҷи кишвар низ содирот мекунанд”- иброз дошт номбурда.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ, ҳасибҳо, қаннодӣ, маҳсулоти консервшуда, шарбату нӯшокиҳо, асал, равғанҳои растанӣ, чой, намак, молҳо барои хона, таъмиру сохтмон, молҳои канселярӣ ба фурӯш бароварда шуда, ҳамчунин корхонаҳои сохтмонӣ, муассисаҳои хизматрасонӣ, марказҳои дилхушии кӯдакон ва шабакаҳои нуқтаҳои савдо маҳсулоти худро пешниҳод намуданд.
Ёдрас мешавем, ки намоиш-фурӯши маҳсулоти корхонаҳои истеҳсолӣ рӯзҳои 5,6 май низ дар “Кохи Борбад” идома меёбад ва дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» ғолибони озмун бо ҷоизаи ифтихории «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» қадрдонӣ мегарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *