Намоиши аксҳо дар Осорхонаи миллӣ

Имрӯз дар ошёнаи 3-юми Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллии Тоҷикистон” бахшида ба Рӯзи Модар намоиши аксҳо таҳти унвони “Симои зан-модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар намоишгоҳ асарҳои рассомон ва ҳайкалтарошони синну соли гуногун, ки дар махзани Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз нигоҳ дошта мешаванд, ба маърази тамошо гузошта шуданд. Тамошобинон, ки аксарияташонро бонувон ташкил медоданд, бо руҳияи болида аз намоишгоҳ дидан намуда, ба ташкилкунандагон изҳори сипос намуданд.

Хотирасон мекунем, ки то фарорасии Иди бонувон рӯзҳои башумор боқӣ мондааст ва омодагиҳо баҳри таҷлили ин ҷашни бошукӯҳ идома дорад.

Амони МУҲАММАД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *