Намоишномаи корнамоиҳои Эмомалӣ Раҳмон

«Баҳори ваҳдат» дар саҳнаи театри тоҷик нахустин спектакле аст, ки дар мавриди ошӯбҳои ҷанги шаҳрвандӣ, аҳволи гурезагони ҷанг ва корномаҳои Эмомалӣ Раҳмон дар баргардонидани гурезаҳо ва истиқрори сулҳ қисса мекунад.

«Баҳори ваҳдат» дар саҳнаи театри тоҷик нахустин спектакле аст, ки дар мавриди ошӯбҳои ҷанги шаҳрвандӣ, аҳволи гурезагони ҷанг ва корномаҳои Эмомалӣ Раҳмон дар баргардонидани  гурезаҳо ва истиқрори сулҳ қисса мекунад.

Намоиши мазкурро аз рӯйи асари драматург Ҷумъа Қуддус Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб  таҳия кардааст.

Шоми дирӯз ин асар ба сифати яке аз довталабони ҷавоизи «Парасту 2019» дар шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта шуд.

Дар саҳна оғози фитнаву ошӯбҳои ҷанг, нифоқу ҳамдигарнофаҳмӣ ва билохира силоҳбадаст шудани мардум, оғози ҷанг ва фирори мардум ба хоки Афғонистон инъикос гардидааст.

Дар спектакл образи Эмомалӣ Раҳмон бевосита ширкат намекунад, аммо омадани ӯ ба Хусдеҳ ва мулоқоташ бо қумандонҳову гурезагон аз нақли иштирокчиёни асар бармало мегардад.

Хулосаи асар ин аст, ки ҷанги Тоҷикистонро дасти саввум ташкил карда Эмомалӣ Раҳмон оварандаи сулҳу субот ва осоиштагӣ мебошад.

Нақшҳои асосиро дар ин спектакл ҳунарпешаҳои маъруфи театри Кӯлоб Худойназар Тилавов, Давлатбегим Раҳимова, Мирзомуддин Раҳмонов, Зикрулло Давлатов, Сафархон Мадалиев, Ситорамо Шамсиддинова ва дигарон иҷро мекунанд.

Аммо театршиносон бар он нукта ҳастанд, ки спектакли мазкур асари барҷаста нест ва дар таҳияи он ҳам камбудиҳои зиёд ҷой дорад. Бинобар ин, бо вуҷуди дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаҳои Пешвои миллат буданаш ҳам эҳтимол аз ҷавоизи «Парасту 2019» бенасиб хоҳад монд.

Қаблан дар бораи Эмомалӣ Раҳмон драматург ва нависанда Абдуғаффори Абдуҷаббор песаи «Назаркарда»-ро навишта буд, ки онро вазорати фарҳанги кишвар харидорӣ кард, аммо то ҳол ягон театр онро ба саҳна нагузоштааст. Ёдовар мешавем, ки «Назаркарда» нахустин асари саҳнавӣ дар бораи Президенти кишвар мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *