Намояндагони СААД «Дар бораи вазъи Афғонистон» баёнияи муштарак имзо гузоштанд

Ҳуҷҷатҳое, ки дар ҷаласаи муштараки намояндагони кишварҳои СААД ба имзо расидаанд, эълон шуданд

Дар нишасти кишварҳои СААД дар Душанбе изҳороти муштарак оид ба вазъи Афғонистон қабул карда шуд, изҳор дошт дабирии кулли СААД Станислав Зас дар суҳбат бо хабарнигорон.

Ба гуфаи ӯ, дар пайи ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони дифоъ ва Кумитаи котибони Шӯроҳои амнияти ин созмон чанд санад ба имзо расид.

Аз ҷумла, намояндагони созмонҳои СААД ба баёнияи муштарак «Дар бораи вазъи Афғонистон» имзо гузоштанд.

Ҳамчунин изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷӣ дар бораи ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо терроризми киберҷинояткорӣ, дар бораи талошҳои дастаҷамъона барои ҳалли вазъиятҳои бӯҳронӣ дар Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ тасдиқ гардид.

Ҳамчунин маълум аст, ки котибони Шӯроҳои амнияти СААД тасмим гирифтаанд, ки оид ба масъалаҳои амнияти биологӣ шӯрои ҳамоҳангсоз таъсис диҳанд.

Ҷузъиёти санадҳои имзошуда ҳанӯз ифшо нашудааст.

Ёдовар мешавем, ки намояндагони СААД борҳо таъкид кардаанд, ки дар сурати зарурат Созмон омода аст дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Афғонистон ба Тоҷикистон кумаки фаврӣ расонад.

Ҳамчунин маълум аст, ки дар нишасти рӯзи 16 сентябр дар Душанбе ҷонибҳо дар бораи муҷаҳҳаз сохтани нерӯҳои дастаҷамъӣ бо аслиҳа ва техникаи муосир созишнома ба имзо мерасонанд.

Илова бар ин, нирӯҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар наздикии марзҳои Афғонистон машқҳо анҷом медиҳанд, то дар сурати ворид шудани эҳтимолии ҷангҷӯён амалиёт анҷом диҳан

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *