Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Намояндаи Ширкати “Барқи Тоҷик” дар Исфара даргузашт

Саидҷаъфар Қаландаров, роҳбари Ҷамъияти саҳомии  «Шабакаҳои барқии Исфара» дар синни 54 — солагӣ аз олам даргузашт.

Саидҷаъфар Қаландаров 16 октябри соли 1966 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи хоҷагии қишлоқ ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буд.

Тавре аз тарҷумаи ҳоли ӯ бармеояд, фаъолияти меҳнатии худро соли 1988 ба ҳайси сардори колоннаи нақлиётӣ оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои сардори кордону муваффақи муассисаи нақлиётии №14-и н.Ховалинг, муовини директори генералии Биржаи молу ашёи Тоҷикистон, муҳандис-механики КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», директори ҶС Шабакаҳои барқии шаҳрҳои Турсунзода, Кӯлоб, ноҳияи Шаҳринав кор кардааст.

Аз моҳи январи соли 2019 вазифаи директори ҶС «Шабакаҳои барқии Исфара»-ро, ки марбут ба тобеияти Ширкати “Барқи Тоҷик” мебошад,  ба уҳда дошт.
Дар ин бора аз мақомоти шаҳри Исфара хабар доданд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.