Нархҳои хандаовару намаки ширин

 Имрӯз ба шиору овезаҳо ё номгузориҳои дӯкону дорухонаҳо дар шаҳри Хуҷанд  нигоҳ карда,  гиряат меояд.  Дирӯз ба бозори марказии “Панҷшанбе”-и шаҳр рафтанӣ будам. Дар истгоҳи “Гулбаҳор” аз нақлиёт фаромадам ва бо роҳи зеризаминӣ ба бозор рафта истода будам, ки дар қадами аввал рекламаҳои зиндаи фурӯшандагон диққати маро ба худ кашид ва дар қадами дуюм навиштаҷоти онҳо. Соҳибони рекламаҳои зинда соҳибкорони хушбӯифурӯше  буданд, ки яке аз онҳо бо тамоми овоз чун ҷорчиёни пештара эълон медошт: “Атри хушбӯй биё, атри хушбӯйи бепулба биё!..”

Баъди шунидани ин эълон аввалин саволе, ки ба сарам зад ин буд, ки оё атри бадбӯй ҳам будааст? Охир атр ва дигар намуди атриёт худ барои хушбӯӣ аст-ку!

Ҳанӯз 15-20 қадам зада  чашмам ба навиштаҷоте афтод, ки дар пештоқи мағозаи либосҳои мардона калон карда навиштаанд: “НАРХҲОИ ХАНДАОВАР. Аммо ба нархи ба қавли соҳибони дӯкон “хандаовар”  нигоҳ кунам, 20-30 сомонӣ аст. Шояд ба назари соҳибкорон,  ки рӯи рӯи пул мегарданд, хандаовар бошад, аммо барои аҳолӣ, хосатан шаҳрвандони қаторӣ ягон ҷои хандаоварӣ надорад. Шояд маркетологи  фурӯшандагони ин дӯкон одами шӯх буду “як шухӣ карда монд- да…”.

Ростӣ навиштаҷоти “Нархҳои хандаовар”-ро хонда даъвати воқеан хандаовари фурӯшандазане ба ёдам омад, ки мегуфт: “Намаки ширинба биё, намаки ширинба биё!..”

Алқисса, вақтҳои охир ба одаму олам ва савдагарону эълони эшон ҳайрон мемонам…

Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *