Нашри омори нави Вазорати тандурустӣ

Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 43 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 30 сентябр 9769 ҳолатро ташкил дода, дар мамлакат 8572 (87,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфтаанд ва бар асари он 76 нафар фавтидаанд.

Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 74 нафар гумонбарон қарор дошта 41 нафар бемор баъд аз табобат ба хона ҷавоб дода шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *