Насриддин Саидов ба ҷойи Садриддинов сухангӯйи нави ВКД

Насриддин Саидов субҳи имрӯз Ҷалолиддин Садриддиновро дар мақоми сухангӯйи ВКД иваз намуд. Дар ин бора аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд.

Ҷалолиддин Садриддинов, собиқ сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ин баъд ба ҳайси муовини сардори Раёсати нозироти ташкилии ин ниҳод фаъолият хоҳад кард.

Садриддинов моҳи декабри соли 2013 сухангӯи ВКД таин шуда буд. Ӯ қаблан дар вазифаи мушовири вазири корҳои дохилӣ кор мекард. Ҷалолиддин Садриддинов пеш аз мушовирӣ низ сухангӯйи ВКД буд, аммо аз ҷониби вазири собиқи ВКД Маҳмадназар Палаев аз кор ронда шуда буд ва Солеҳовро ба суд кашида дар мурофиа ғолиб омад, аммо то нав шудани вазир дар ин мақом кор накард.

Насриддин Саидов, ки то ҳол масъули барномаи телевизионии “Сипар” буд акнун сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мебошад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *