Нависанда Муҳиддин Хоҷазод ба карантин гирифта шуд. Ӯ пневмония аст!

Нависандаи халқии Тоҷикистон, Муҳиддин Хоҷазоди 82 –сола бо гумони гирифторӣ ба пневмания дар бемористони Хуҷанд бистарӣ шуд. Ба иттилоъи пайвандон ҳалати нависанда санаи 22 апрел вазнин шудааст. Духтурон мегӯянд, ки Муҳиддин Хоҷазода шаби 22 ба 23 апрел, пас аз вазнин шудани вазъи саломатӣ ба дастгоҳи нафаскашии сунъӣ пайваст шудааст. Гуфта мешавад, ки дар ин беморхона писари 49 солаи адиб Алишер Хоҷаев низ бистарӣ шудааст.

Фирдавсхон Турахонов, сардухтури бемористони №1-и Хуҷанд, дар суҳбат ба радиои Озодӣ хабари бистарӣ шудани нависандаро тасдиқ кардааст: “Беморро санаи 19 апрел оварданд. Номбурда, гирифтори илтиҳоби дутарафаи шуш аст. Дирӯз ҳолати бемор каме вазнин шуд, зеро таъсири пневмония ба дили бемор ба қайд гирифта шуд. Бинобар ин мо ба хулоса омадем, ки ӯро ба дастгоҳи нафаси сунъӣ пайваст кунем” –гуфт Турахонов.

Ҳамчунин, аз бемористони Хуҷанд ба мо иттилоъ доданд, ки тести ташхиси короновируси нависанда ва писараш ба Душанбе фиристода шуд ва онҳо интизори посух ҳастанд.

Муҳиддин Хоҷазод Нависандаи маъруфи тоҷик, муаллифи романҳои “Об рӯшноӣ”, «Ба ҷойи узр» (1965), «Нишони муҳаббат» (1974), «Об – рӯшноӣ» (1976), «Вода к добру снится» (Маскав, 1981), «Нанг ва номус» (1982), «Вода – свет» (Киев, 1983), «Роҳи Роғун дигар аст» (1984), «Что было, то было» (1985), «Кӯҳ бе варта нест» (1987, 2003) мебошад. Филмномаҳои «Оташи зери хокистар» («Тоҷикфилм», 1965), «Асрори ниёгон» («Тоҷикфилм», 1970), «Сайди охирин» (1972) ва «Ошёни уқобон» (1974) низ ба қалами ӯ таалуқ доранд.

Ёдовар мешавем, ки ин нахустин ҳодисае нест, ки дар вилояти Суғд адибони маъруф бо бемории илтиҳоби шуш бистарӣ мешаванд. Чанд рӯз қабл Шоирони халқии Тоҷикистон Озарахш ва Фарзона низ бо ҳамин беморӣ ба карантин гирифта шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *