Назария ҳаст, амалия нест

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон замони таътили тобистонаи хонандагони мактабҳои миёнаро эълон кард. Бино бар он, хонандагони синфи якум аз 7-уми июн ва муҳассилони синфҳои 2-11 аз 14-уми ҳамон моҳ ба истироҳат мераванд.

Ин қарори вазорат вокуниши зиёди корбарони фазои маҷозиро ба миён овард. Қисме ба тарфдорӣ аз ин тасмим гуфтанд, ки ҳар қадар зиёдтар дар мактаб соли хониш давом кунад, ҳамон қадар хуб аст, зеро бачаҳо метавонанд дониши зиёд гиранд. Вале қисми дигар, муқобили фикри боло буда, мегӯяд, ки дар муддати 10-15 рӯз бачаҳо дониши зиёд намегиранд. Беҳтар мешавад барвақттар ба таътил бароянду асабҳои худро ором кунанд ва ҳар толибилме, ки ба донишомӯзӣ шавқу завқ дорад худаш пас аз каме истироҳат кардан ба хондан машғул мешавад.

Чун соли таҳсили 20-21 имсол аз нимаи моҳи август оғоз шуда буд, аксарият ба фикре буданд, ки бачаҳо аз солҳои пеш барваққтар ба таътил мебароянд, вале ин тавр нашуд. Ба саволе, ки чаро бачаҳо ду ҳафта пеш соли хонишро оғоз карданду ду ҳафта пеш ба итмом намерасонанд Сунатуллоҳи Мирзо, як корманди маркази матбуотии Вазорати маориф ва илм гуфт, ки дар ду ҳафтаи моҳи август бачаҳо барномаи дарсии соли таҳсили 19-20-ро хотима доданд.

Вале бояд гуфт, ки дар макотиби олӣ, ки ҳамчунин соли таҳсил аз 17-уми август оғоз шуда буд, аз барномаи таълимии соли пор чизе гуфта нашуд, балки муаллимони фанҳои имсола доир ба курси нав дарс гузаштанд. Ин далели он аст, ки ду ҳафтае, ки вазорат ба соли гузашта бахшидем мегӯянд, дуруст нест.

Иловатан, дар ин маврид сармутахассиси Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Гулчеҳра Файзиева дар суҳбати телефонӣ ба мо гуфт, ки мактаббачагон ду ҳафтаи моҳи августро ба такрори соли таҳсили нотамоми 2020 гузарониданд.

Мушкил ин аст, ки тибқи қарору тасмим ва ҳуҷҷатгузориҳо ҳамааш хуб аст, вале дар амал ин тавр нест.

Пас чӣ бояд кард?

Албатта, назарияро, ҳуҷҷатгузориро, суханҳои азёдшударо бо амалия, бо масъулият ҳис кардан ва дуруст кор кардан иваз бояд кард.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *