НБО Роғун: 4 нафар ҳалок гардида 9 тани дигар захм бардоштанд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта дар сохтмони нерӯгоҳи азими барқи обии Роғун ҳангоми кор 4 нафар ба ҳалокат расидаанд ва 9 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар ин бора Раҳим Санъат, раиси Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар соҳаи кӯҳкорӣ рӯзи 1-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе хабар дод. Ӯ ҳодисаҳои маҷрӯҳ шудан ва ҳалокати коргаронро баршумурд ва гуфт :

“Ҳафтуми июни соли 2017 ҷамъияти сохтмони асосии нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар нақб як нафар ҳалок шуд. Давлатов, сокини 38-солаи шаҳри Роғун зери шиддати барқ монд”. Ду ҳалокшудаи дигар дар нерӯгоҳи барқи обии Роғун ронанда будаанд.

Дар умум, ба гуфтаи Раҳим Санъат дар натиҷаи садама ва дигар ҳодисаҳои нохуш дар иншооти соҳаи кӯҳкорӣ дар Тоҷикистон 10 нафар кушта шуданд ва 18 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ба гуфтаи ӯ, 5 нафар аз ин кушташудагон шаҳрвандони Чин будаанд ва умдатан дар конҳо зери хок монда ҷон додаанд. Ду нафари дигар дар пойтахти Тоҷикистон ба чоҳи лифт афтода ҳалок шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *