Ниқобҳои тоҷикӣ каронавирусро пешгирӣ мекунанд?

Мирҳамуддин Камолзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, ки ҳоло корхонаҳои дӯзандагӣ дар як шабонарӯз аз 5 то 30 ҳазор дона ниқоб истеҳсол мекунанд.

Истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ дар якчанд корхонаҳои дӯзандагии ҷумҳурӣ, аз ҷумла ҶДММ «Ноҳид», ҶДММ «Сифат саноат», ҶДММ «Фарм Текс», ҶДММ «Нассоҷӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ «Нури Ховар» ба роҳ монда шудааст. Мирҳамуддин Камолзода дар мавриди истифодаи дурусти ниқобҳои тиббӣ иброз дошт, ки ниқобҳои тиббӣ ҷой ва техникаи пӯшидан доранд. Пӯшдани он танҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ: дохили биноҳои серодам ва нақлиёти ҷамъиятӣ тавсия дода мешавад. Инчунин гирифторони бемориҳои шадиди роҳҳои нафас (зуком) метавонанд аз ниқобҳо истифода баранд, зеро онҳо тавассути сулфа, атса ва гапзанӣ вирус ва дигар барангезандаҳоро ба муҳити атроф паҳн менамоянд. Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон то имрӯз ягон ҳолати коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аммо чораҳои пешгирӣ ҷиҳати интиқол наёфтани сирояти мазкур ба мамлакат пурзӯр карда мешаванд. Ба тавсияи мутахассисон, барои пешгирӣ аз коронавирус бояд ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, ба пардаҳои луобӣ: бинӣ, чашм ва даҳон камтар даст расонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *