Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ниҳоди зиддитеррористӣ сокинонро аз … ҳамлаи гургҳо ҳимоят мекунад

Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гурӯҳи махсус аз ҳисоби гурӯҳи зиддитеррористии «Алфа»- и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шикори гургҳо таъсис шудааст.

Бино ба иттило, ки рӯзи 8 декабр дар саҳифаи “Фейсбук”-и ҳукумати ин вилоят мунташир гардид, ин гурӯҳи вижа ба ҷамоатҳои Поршинев, Сучон, Навобод, Вер, Ванқалъа, Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон, Тусиён, Роштқалъа, Қурбоншо Гадолӣ ва Тавдеми ноҳияи Роштқалъа, ҷамоатҳои Пастхуф, Рӯшон, Назаршо Додихудоев ва Абдулвосеъи ноҳияи Рӯшон сафарбар шудаанд.

 Гурӯҳи мазкур бо лавозимоти шикори муосир таъмин буда, вазифаи асосии онҳо нобуд сохтани гургон дар деҳотҳои вилоят мебошад.

Зимнан, дар соли гузашта мавориди ҳамлаи гургон дар деҳотҳои вилоят афзоиш ёфта ва дар ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон бар асари ҳамлаи гургон ду нафар ҷони худро аз даст доданд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.