Нигаронии Шӯрои СПАД аз вазъи Афғонистон

Вазъи Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ мавзӯи аслии иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои СПАД буд, ки рӯзи 23-юми август ба таври маҷозӣ ё онлайнӣ таҳти раҳбарии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт. Тоҷикистон соли 2021 раҳбарии давраии ин созмони низомии зери назари Русияро ба ӯҳда дорад.

Ба навиштаи вебсайти Президенти Тоҷикистон, аъзои Шӯрои СПАД аз «якбора бад шудани вазъ дар Афғонистон”, ки аз 15-уми август аксар қаламравҳояш зери назаои Толибон қарор доранд, изҳори нигаронӣ карданд.

“Режими сиёсии Афгонистон бояд ба озодона амалӣ гардидани иродаи тамоми халқҳои афғон асос ёбад. Баҳисобгирии қатъӣ, кафолат ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию сиёсии ҳамаи табақаҳои ҷомеа барои устувории дилхоҳ ҳукумати Афғонистон аҳамияти ҳалкунанда дорад”,- иттило медиҳад сомонаи Президенти Тоҷикистон.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *