Нигаронии вазир аз қарзи «Барқи тоҷиқ». Мушкилот ҳал мешавад?

Имсол Тоҷикистон ба Афғонистон 638 миллион кВт соат неруи барқ фурӯхтааст, ки нисбат ба соли гузашта ҳаҷми он зиёдтар аст.

Дар ин бора вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар ҷамъи хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вазир, дар асоси гуфтушунидҳои анҷомдода  ҷониби Тоҷикистон ҳар моҳ наздики 200 миллион кВт соат неруи барқро ба Афғонистон интиқол медиҳад. Афғонистон барқи Тоҷикистонро нисбатан қиматтар-ҳудуди 4 сент сари ҳар киловат мехарад.

 Ҳамчунин, Усмонзода ба саволи хабарнигорон  далели интиқол наёфтани барқ ба Қирғизистонро ба зиёд шудани талабат ба барқ дар вилояти Суғд вобаста  донист.  Вазир иброз дошт, ки талаботи онҳо 2 миллиард киловатт мебошад, ки хеле зиёд аст. «Азбаски дар вилояти Суғд корхонаҳои зиёди саноатӣ фаъол шудаанду талабот ба барқ афзоиш ёфтааст, мо содироти барқ ба Қирғизистонро қатъ кардем”,- иброз дошт вазир. Ҷониби  Қирғизистон ахиран ҳавасмандияшро барои харидани барқ аз Тоҷикистон баён карда, изҳор дошт, ки ҷонибҳо дар масъалаи нархи барқ ба мувофиқа нарасидаанд. Тоҷикистон хостори фурӯши  барқ  ба Қирғизистон ба ивази 3,2- сентӣ сари ҳар киловатт аст. Аммо Қирғизистон инро қабул надора, мехоҳад, ки додугирифт бо нархи 2,5 сент барои ҳар киловат бошад.

Дар масъалаи қарзи ширкати «Барқи тоҷик» дар назди Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон вазир гуфт, ки ин масъала ӯро низ нагарон кардааст. Аммо бо итминон мегӯяд, ки дар сурати амалӣ гардидани лоиҳаи САSA-1000  мушкилоти мавҷуда бартараф хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *