Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Нигаронии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз вазъи Афғонистон

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасте бахшида ба қазияи Афғонистон аз амалкарди гуруҳиТолибондар вилояти Панҷшер танқид кард.

Рӯзи 8-уми сентябр бо ташаббуси Амрикову Олмон ва бо ҳузури онлайни вазирони корҳои хориҷии чанд кишвар, аз ҷумла Тоҷикистону Покистон, Туркия, Саудӣ, Бритониёву кишварҳои Иттиҳоди Аврупо нишаст баргузор шуд.

“Толибон ҳавопаймоҳоро бо мусоидати кишварҳои сеюм зимни ҳамлаҳо ба Панҷшер истифода мебаранд, ки боис ба кушта шудани теъдоди зиёди мардуми бумӣ, яъне тоҷикон мегардад,-” гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.  Аммо ӯ ҳеч кишвареро дар пайи кумак ба Толибон ном набурд.

Вале  расонаҳои ҳиндӣ қаблан гузориш доданд, ки чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Покистон дар ҷараёни ҳамлаи нерӯҳои “Толибон” ба дараи Панҷшер ба мавзеъҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ҳамла кардаанд. Марбут ба ин  дар  бисёре аз шаҳрҳои Афғонистон низ эътирозҳо ба зидди Покистон ҷараён дорад.

Ҳамзамон бояд  хотиррасон кард, ки сухангӯйи артиши Покистон иддаои ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини кишварашро ба Панҷшер рад кардааст.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки ба “Толибон” таъсир расонанд ва “дар пайдо кардани роҳи ҳалли сиёсӣ дар буҳрони ҷории Афғонистон мусоидат кунанд.” Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, “ҷомеаи байналмилалӣ тӯли 20 сол натавонист, дар Афғонистон тартибро ҷорӣ кунад ва даҳҳо ҳазор террористро дар ин кишвар ба “мерос” монд.”

То кунун ҳеч кишваре ҳукумати “Толибон”-ро ба расмият нашинохтааст, вале баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Узбекистон, аз ташкили он истиқбол карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 8-уми сентябр дар сомонаи расмияш навишт, “умед дорем, ин тасмим оғози ба даст овардани ризоияти васеи миллӣ ва барқарории сулҳу суботи устувор дар ин кишвар хоҳад буд.” Дар идома Узбекистон омодагии худро “барои рушди муколамаи созанда ва ҳамкории амалӣ бо мақомоти нави давлатии Афғонистон” изҳор кардааст.

“Тоҷикистон танҳо ҳукумати фарогирро бо иштироки тамоми гурӯҳҳои этникӣ, ки дар он тоҷикони Афғонистон ҷойи сазовори худро ишғол мекунанд, дастгирӣ хоҳад кард”, — гуфтааст Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 8-уми сентябр дар нишасте, ки бо пешниҳоди Амрикову Олмон баргузор шуд.

Вай рӯзи чаҳоршанбе дар ҷаласаи дигаре бо пешниҳоди Покистон гуфтааст, “мо ҳама гуна ҳукуматеро, ки бе раъйпурсии мардумӣ ва намояндагони ҳамаи қавмҳо таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳем кард.” Дар ин мулоқот вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон – Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Покистон, Эрон ва Чин – иштирок доштанд.

Нафароне аз  ҳукумати “Толибон” дар “рӯйхати сиёҳ”-и Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд. Аз ҷумла, сарпарасти вазорати корҳои дохилии ҳукумати “Толибон” Сироҷиддин Ҳаққонӣ аз сӯи FBI (ФБР) мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

То ба имрӯз чаро ҷомеаи ҷаҳонӣ хомӯш буд? Чаро қаблан онҳо натавонистанд, ки сару садоҳо баланд кунанд?  Магар абарқудратҳо бовар ба он доштанд Толибон созгори як давлати фарогири тамоми қавмҳои Афғонистонро ба роҳ мемонанд? Чун имрӯз диданд, ки Толибон ҳамоне буданд, ки ҳастанд. Ҳич тағире дар онҳо ба миён номадааст. Сари андеша фурӯ рафтанд?! Ва интихоби ҳайати ҳукумати Толибон нишон дод, ки онҳо ба ҷуз роҳандозӣ кардани ҳадафҳои ғаразноки худ дигар ҳич ҳадафе надоранд,

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.