Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Нигора: Аз зиндагии сахтам филм созед.

  Як зани 61 солаи шаҳри Турсунзода аз роҳбари «Суғдсинамо» дархост намудааст,ки роҷеъ ба зиндагии сангинаш филмеро таҳия намоянд.

Тавре телевизиони минтақавии «СМ-1»  хабар медиҳад,  Нигора Минавароваи 61- сола мехоҳад аз рӯи зиндагии пурпечутобаш Муассисаи давлатии «Суғд синамо» филмеро таҳҳия кунад. Нигора Минаварова дар сӯҳбат бо коргардони «Суғд синамо» Муҳиддини Музаффар аз он ёдовар шуд, ки оилаи онҳо замони ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷануби кишвар ба шимолии Тоҷикистон кӯч баста буданд. Нигора мегӯяд аз чаҳор фарзандаш ду нафарашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ва сеюмин аз ғами зиёди ҷигарбандашон ҷавонмарг шуданд. Имрӯз ин зани дар танҳои бо шаш набера дар хона умр ба сар мебарад, ки мехоҳад аз рӯи зиндагии пурпечутобу ғами модариаш ҳунармандон филмеро рӯи саҳна оранд

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.