Николай Голиков 100-сола шуд

Собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Голиков Николай Петрович 100- сола шуд.

 Ба ин муносибат дар арафаи Соли нави мелодӣ бо супориши Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфӣ Ҷурахонзода С.Қ., сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, раиси Шӯрои собиқадорони Академияи ВКД, полковники мустаъфӣ Ғуломов М.Ғ., кормандони Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД ва Маркази матбуоти Академия ба аёдати собиқадори ҶБВ Голиков Николай Петрович омаданд.

Аз номи Вазири корҳои дохилӣ собиқадори ҶБВ-ро раиси Созмони собиқадорон ва сардори Академияи ВКД  табрик намуда, туҳфаҳои идонаро ба ӯ супориданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *