Ниммарафон Тоҷикистон интизори варзишгари модарзод

Ниммарафон, ки дар ибтидои солҳои 2000-ум  пайдо шудааст, ҳамчун намуди варзиши сабук ба масофаи 21 км 97,5 метр (нисфи  масофаи марафон) дар роҳҳои мумфарш баргузор мегардад. Он намуди олимпӣ нест, аммо дар миёни дӯстдорони дав роғибони зиёде дорад.

Мусобиқаҳои ниммарафон дар як замон бо мусобиқаҳои марафони шаҳрӣ доир карда мешавад. Аз соли 1992 сар карда, таҳти роҳбарии  Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (ИААФ) чемпионати ҷаҳон оид ба ниммарафон барпо карда мешавад. Ниммарафон Дар  Тоҷикистон бори аввал соли 2010 дар шаҳри Душанбе бо иқдоми раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид, ки дар он варзишгарони 14 мамлакат иштирок намуданд. Дар таърихи 9-солаи баргузории ниммарафони Тоҷикистон ба варзишгарони тоҷик гирифтани унвони  чемпионӣ муяссар нагардидааст. Дастоварди беҳтарини ниммарафончиёни тоҷик он қадар назаррас нест. Байни мардон варзишгар Ҳасан Ғаффоров дар ниммарафонҳои солҳои  2013 ва 2016 ду бор ҷойи чорум ва миёни  занон Надима Мирзоева ҷойи сеюмро дар соли 2010 ишғол кардаанд.

Боре дар нишасти матбуотӣ аз масъулони варзиш сабаби ин нобарориро суол кардем. Дар ҷавоб шунидем: «Тарбия кардани варзишгари ниммарафон ниҳоят мушкил аст. Ӯ бояд модарзод ниммарафон ба дунё ояд. То имрӯз ин дар кишвари мо ба вуқӯъ наомадааст. Мо  бояд шукр намоем, ки дар пойтахти кишварамон чунин мусобиқаи бонуфуз баргузор мешавад ва ҷойизаҳои шаҳрдории Душанберо варзишгарони беруна соҳиб шуда,  Тоҷикистонро овозадор мегардонанд».

Ёбеду гиред! Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон,  Мактаби варзиши сабук ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе вазифадоранд, ки дарёфт ва тарбия кардани марафончиёни умедбахш вазифаи онҳост, магар ҷонибдори ин гуна мавқеи бетарафона ҳастанд? То кай интизори зодашавии варзишгари худрӯй мешаванд?

Эмоми НАЗАРИЁН,

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *