Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Низоъ дар марз. Осиёи Марказиро чӣ интизор аст?

Тавре маълум аст, мушкилоти марзии водии Фарғонаро кишварҳои минтақа аз рӯзи аввали Истиқлолияти худ ба мерос гирифтанд ва он яке аз масъалаҳои ҳалталаб ва доғ то ба имрӯз боқӣ мемонад. Дар се даҳаи истиқлол дар минтақаи водии Фарғона ин мушкилӣ ба таври васеъ ба назар мерасад ва дар моҳи майи соли равон 3 низо дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба вуқӯъ пайвастанд, ки мувофиқи иттилои расмӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ҷароҳат бардоштанд:

— санаи 8 май муноқиша дар ҳудуди ҷамоати Чоркӯҳ ва ҷароҳати вазнин бардоштани  Фозилов Фазлиддин ва Шарипов Айёмиддин;

— санаи 24 май ба ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати Ворух захми шудани сарбози қаторӣ Зоиров Давлатёр;

— санаи 27 май захми намудани Муътабархонум Шаропова, сокини ҷамоати Чоркӯҳ аз ҷониби шаҳрванди Қирғизистон Бахтибеков Соат.

Низоъи марзӣ дар қаламрави ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон санаи 31 май сар зад ва дар натиҷаи он теъдоди зиёди сокинон ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд. Бояд гуфт, ки аксари сокинони ин ноҳияро тоҷикон ташкил медиҳанд.

Барои чӣ имрӯзҳо масъалаи марз ба таври ҷиддӣ ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор мекунад? Кадом омилу сабабҳои сар задани он мавҷуд аст? Пушиши иттилоотии ҳалли низоъ чӣ гуна сурат мегирад? Дар байни низоъҳои охири сарҳадӣ иртибот дида мешавад? Дар ояндаи кӯтоҳмуддат минтақаро чӣ интизор аст? Ба ин саволҳо кӯшиш мекунем, дар навиштаи зер ҷавоби муайянро пайдо кунем.

Таърихчаи масъала. Баҳси мушаххас намудани ҳудудҳои имрӯзаи кишварҳо ҳанӯз ба замони тақсимоти марзию миллии солҳои 20-ум рафта мерасад ва аз тӯлонитарин баҳсҳо дар паҳнои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб меравад. Мушкилоти асосии мушаххас намудани хати сарҳад байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар он аст, ки ҷонибҳо ҳуҷҷатҳои гуногунро ҳамчун асос истифода мекунанд. Ҷониби Тоҷикистон ба ҳуҷҷатҳои солҳои 1925-1927 такя мекунад, ки мувофиқи он Ворух пурра бо кишвар пайваст аст. Ҷониби Қирғизистон   ба ҳуҷҷатҳои маъмурии охири солҳои 50-уми асри гузашта такя мекунад, ки дар натиҷаи додугирифт байни колхозҳо ҳудудҳо тақрибан ба ҳолати имрӯзаи сарҳад монанд аст ва ҳатто “марз”-и ҳамсоя аз ҳисоби кишвари мо васеъ шудааст.

Сабабу омили асосии сар задани низоъ ва муноқиша дар марз маҳз ба истифодаи замин (киштукор, чарогоҳ), об (нӯшокӣ ва полезӣ), роҳ ва захираҳои табиӣ (аз ҷумла, дастрасӣ ба маҳсулоти сохтмонӣ) иртибот дорад. Ҳамин омилҳо ҳамчун сабаби муноқиша ҳам дар Чоркӯҳу Ворух ва ҳам Сух ба назар мерасанд. Пас роҳи ҳал чӣ буда метавонад? Пеш аз ҳама, оқилона ва дар ҳамҷоягӣ истифода бурдани ин захираҳо, дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ, ки барои таҳкими суботу амнияти минтақаи наздимарзӣ мусоидат мекунад. Албатта, даст ёфтан ба он мушкил аст, вале кӯшиш намудан барои шакл додани чунин муносибат воситаи мутамаддини ҳалли буҳрон ба шумор меравад.

Пушиши иттилоотии низоъ дар марз. Дар матбуоти кишвари ҳамсоя масъалаи вобаста ба низоъи сарҳадӣ ба таври васеъ паҳну пахш карда мешавад ва унсурҳои мутаҳҳам намудани якҷониба низ ба таври васеъ ҷой дорад. Коршиносон ва мақомдорони собиқу амалкунанда дар гуфтори худ комилан озод буда, аксар ҳолат ҳар чизе, ки хостанд, ҳамонро ба забон меоранд.  Ҳолати мазкур пайдо намудани роҳиҳалро бисёр мушкил кардааст ва ба омилҳои зерин вобаста мебошад:

Якум, мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ масъалаи вобаста ба муайян намудани марз ҳамеша дар ҳолати пӯшида ҷараён мегирад ва ҷонибҳо бо гузашту ба назар гирифтани манфиатҳои тарафайн онро ҳаллу фасл менамоянд. Мушкилоти асосӣ дар ин самт дар он дида мешавад, ки мо пайваста аз матбуоти Қирғизистон оид ба рафти фаъолият ва нуктаҳои мавриди гуфтушуниди Комиссияи байнидавлатӣ иттилои зиёд мегирем, ки худи пахшу паҳни он боиси ба кундӣ пеш рафтани фаъолият шудааст ва инро коршиносони кишвари ҳамсоя низ эътироф менамоянд. Албатта паҳн намудани иттилоъ кори дуруст аст, вале аз ҷониби гурӯҳҳои сиёсии ин кишвар баҳогузорӣ ба таври радикалӣ сурат мегирад ва ҳамеша давлатмардони худро “ба хиёнат” ба манфиатҳои миллӣ айбдор мекунанд. Ҳолати мазкур бинобар вижагиҳои фарҳанги сиёсӣ дар Қирғизистон ҳалли масъалаи марзиро ғайриимкон намудааст, зеро ҳар роҳбаре, ки  мушаххаскунии марзро ба зимма мегирад, эҳтимоли аз ҷониби рақибони сиёсияш сиёҳ шуданаш мавҷуд аст.

Шералӣ Ризоён, сиёсатшинос

Дуюм, масъалаи ҳалли проблемаи марзӣ ба картаи бозиҳои сиёсии гурӯҳҳои қудратталаби дохили кишвари ҳамсоя табдил ёфтааст, ки то ҷое ба нуктаи якум иртибот дорад. Мушоҳида нишон медиҳад, ки ҳамеша дар арафаи чорабиниҳои муҳими сиёсии ин кишвар масъалаи марз ба таври ҷиддӣ доғ мешавад ё замони ба авҷи аъло расидани рақобатҳои элитаи он бо мавҷи дигар баланд мешавад. Ҳоло аз рӯи таҳлилҳои коршиносони кишвари ҳамсоя — Қирғизистон ба давраи муборизаҳои пешазинтихоботӣ ворид шуд, зеро моҳи октябри соли равон дар он ҷо интихоботи парлумонӣ сурат мегирад. Имрӯз мо аллакай мушоҳида мекунем, ки гурӯҳҳои сиёсӣ низ масъалаи марзро ба фоидаи худ истифода бурдани ҳастанд. Аксар вақт элитаи маҳаллаи вилояти Бодкон масъалаи марзро барои ҳисоббаробаркунии худ бо пойтахт истифода мекунад, ки ин ҳолат низ ба пешрафти кор таъсири манфӣ мерасонад.

Сеюм, мақомдорони кишвари ҳамсоя ва намояндагони ҳизбҳои сиёсии он пайваста вобаста будани худро аз афкори мардум зикр мекунанд ва бо ин роҳ ҳамеша “кӯрпаро ба ҷониби худ мекашанд”. Албатта, ин дипломатияи мураккаб аст, вале дар охир метавонад ба сатҳи эътимод ба онҳо таъсир расонад. Зеро таҳлили баҳсҳои марзӣ дар 10 соли охир нишон медиҳад, ки кишвари ҳамсоя дар риояи созишҳои бадастомада ҷиддият нишон намедиҳад. Нуктаи мазкур дар таърихи 18 феврали соли равон дар нишасти матбуотии Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон садо дод, ки яке аз сабабҳои нарасидан ба ҳадаф, дар ҳалли масоили марзӣ дасткашӣ намудани кишвари ҳамсоя аз риояи созишҳои бадастомада гуфта шуд. Назарпурсиҳо дар маҳал ва баррасии коршиносӣ нишон медиҳад, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамеша дар риояи созишномаҳо устувор аст. Вале ба назари сокинони минтақаҳои наздимарзӣ ҷониби ҳамсоя пайваста талаботи нав ба навро оид ба тааллуқ доштани ин ё он мавқеъ ба роҳ мемонад ва ҳатто дар расонаҳои он харитаҳои “нав” ва “баҳснок” зиёд паҳну пахш карда мешаванд.

Ҳамаи ин нуктаҳо гӯё гумонеро ба вуҷуд меорад, ки масъала ба таври сунъӣ кашол дода шуда, ҳолатро ба пат наздик намуда, барои даст ёфтан ба нафъи бузургтар ба роҳ монда шудааст. Вале инҷониб бар он назар аст, ки чунин нест ва кишвари ҳамсоя низ кӯшиш дорад, роҳиҳалро пайдо намуда, барои суботу пойдори минтақаҳои марзӣ кушиш ба харҷ медиҳад.

Дар байни низоъҳои охири сарҳадӣ дар Исфара ва Сух иртибот дида мешавад? Бинобар сабаби наздик будани ҳудудҳои ҳар ду ноҳия аз давраи қадим рафтуомад байни Исфара ва Сух будааст ва аз ҳама минтақаи низдик ҷамоати Лаккони Исфара ба шумор меравад. Иртиботи умумии ду моҷаро дар он аст, ки он барои истифодаи асосан замину об сар задааст. Дар Сух низ ин ҳолат ягона набуда, низоъ ҳар замон сар зада меистад.

Дар фазои шабакаи иҷтимоии Фейсбук оид ба дасти сеюм дар ин низоъҳо ҳадс мезананд, ки аз рӯи намунаи зоҳирӣ ба назарияи тавтеа наздикӣ дорад. Вале нуктаи ҷолиб замон ва макони сар задани низоъ аст. Зеро баъди тағйири сиёсати минтақавии Ӯзбекистон дар Осиёи Марказӣ сатҳи ҳамкориҳои байнидавлатӣ сифатан дигар шуд ва эътимод низ байни онҳо устувор гардид. Аз ин фурсат истифода карда, роҳбарияти нави Ӯзбекистон мушкилоти марзиро бо Тоҷикистону Қирғизистон ҳаллу фасл намуд, ки ин ҳолат барои таҳкими робитаҳо низ сабаб гардид. Бахусус, ба ҳолати табиӣ баргаштани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон шиддати авзои умумии минтақа низ паст шуд. Вале барои чӣ дар моҳи май пай дар пай се муноқиша дар хати марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва як муноқишаи калон дар марзи Ӯзбекистону Қирғизистон ба вуқӯъ пайваст, саволҳои калонеро ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, дар марҳилаи кунунӣ пайдо намудани роҳиҳал аз нигоҳи манфиати дарозмуддати кишварҳо бисёр муҳим аст, зеро ба ояндаи ҳамкориҳои давлатҳои минтақа таъсири амиқу бевосита дорад ва ҳатто метавонад ба муҳтавои муносибатҳои дохилиминтақавии давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсири мустақим расонад.

Бинобар ин, дар марҳилаи кунунӣ дар формати дуҷониба ҳаллу фасл шудани масъалаи сарҳадӣ ба мақсад мувофиқ буда, эҳтимоли дар дасти худи кишварҳо боқӣ мондани идораи вазъро бештар мекунад.

Чунки дар фазои иттилоотии минтақа мо кайҳост, ки рақобати қудратҳои ҷаҳонию минтақавиро байни ҳамдигар мушоҳида мекунем ва ҳар кадоми онҳо барои бароварда намудани хостаҳои худ имкон доранд, ба нафъи худ аз вазъ суистифода кунанд.

Аз ҷониби дигар, ҳолати имрӯза як имтиҳони ҷиддӣ барои худи муносибатҳои минтақавӣ аст, зеро агар роҳиҳали мушкилот дар минтақаи водии Фарғона пайдо шавад, он ба муҳтавои ҳамкориҳои байнидавлатии тамоми кишварҳо таъсир мерасонад.

Минтақаи Осиёи Марказиро дар кӯтоҳмуддат чӣ интизор аст? Аз рӯи баҳогузории коршиносӣ сенариҳои мухталифро баҳсу баррасӣ намудан мумкин аст, ки имкон дорад дар шароити минтақа ба вуҷуд ояд:

Якум, суистифода шудани унсури этникӣ. Таҷрибаи 30 соли охир нишон медиҳад, ки минтақаи Осиёи Марказӣ аз нигоҳи равобити этникӣ осебпазир аст ва эҳтимоли сар задани зиддиятҳои байниқавмӣ дар ҳамаи қаламрав мавҷуд мебошад, ки мисоли охирон низоъи байниқавмии қазоқҳо бо дунганҳо дар моҳи феврали соли равон дар Қазоқистон буд, ки касе чунин вазъро интизор надошт. Бинобар ин, тамоми кӯшишро бояд ба он харҷ намуд, ки низои эҳтимолии байниқавмӣ ба воситаи тамоми имкони дастрас пешгирӣ карда шавад.

Дуюм, шароити вобаста ба пандемияи COVID-19 ба авзои умумии кишварҳо таъсир расонидааст ва эҳтимоли зиёд ба осебпазир шудани сатҳи зиндагии мардум низ сабаб шавад. Зеро сокинони ҳар се давлати минтақаи водии Фарғона дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд ва бинобар шароити ба ҳама маълум, интиқоли маблағ низ ба ин кишварҳо аз ҷониби муҳоҷирон кам шудааст. Ин шароит метавонад барои паст шудани сатҳи некуаҳволӣ низ сабаб шуда, мушкилоти иҷтимоиро бештар кунад ва осебпазирии равониро низ афзояд. Бинобар ин, дар шароити имрӯза ҳифзи суботу амният дар кулли минтақа ба манфиатҳои миллии ҳамаи кишварҳо ҷавобгӯ мебошад.

Сеюм, василаи муҳиму саривақтии ҳалли масъала дар шароити имруза метавонад баррасии сеҷонибаи масъала байни Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бошад, зеро имрӯз аллакай таҷрибаи хубе дар ин самт дар се соли охир ба назар расида, истифодаи он низ ба мақсад мувофиқ аст.

Дар умум, ҳифзи суботу амнияти минтақа дар марҳилаи имрӯзаи ҳасос нуктаи меҳварӣ буда, пешгирии ҳама гуна низоъ аз аҳамият холӣ нест, то дар пешомади буҳрони эҳтимолии иқтисодӣ ҳамкорию ҳамёрии кишварҳо ҷиҳати паси сар намудани он мусоидат кунад.

Шералӣ РИЗОЁН,

сиёсатшинос

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.