Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Низоми биллингӣ “Барқи Тоҷик”-ро аз ботлоқи қарз берун мекашад?

Шаҳри Душанбе то соли 2025 пурра ба низоми биллингӣ, яъне пешпардохт дар ҳаққи истифодаи неруи барқ мегузарад. Дар ин бора вакилони парлумони Тоҷикистон созишномаеро қабул карданд. Ин созишнома қаблан миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкатҳои «Авесто Гурӯҳ», «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва «Душанбе Сити» имзо шуда буданд.

«Авесто Гурӯҳ» чӣ ширкат аст?
Ширкати «Авесто Гурӯҳ» соли 2016 таъсис ёфтаааст. То имрӯз дар бахшҳои муҳим, аз ҷумла ворид кардани мусофирбарҳои «ISUZI» ва «AKIA» ба кишвар, истеҳсоли обҳои ташнагишикан таҳти бренди «Сиёма», пардохти ҳаққи роҳкиро ба воситаи кортҳои пластикӣ дар нақлиёти ҷамъиятии Душанбе зери назорат дорад. Дар санадҳои расмӣ муассиси ширкат Файзалӣ Ҳабибов сабт шуда, директори генералии ширкат Муҳаммад Мирзо аст. Зафар Бурҳонзода, директори иҷроияи ширкати «Авесто Гурӯҳ» 22-юми январ дар назди вакилони парлумон гуфт, ки «ҳеҷ гуна афзалият ва ё имтиёз надоранд ва бо ҷалби мутахассисони ботаҷриба корашонро пеш мебаранд». Ба гуфтаи Бурҳонзода, тибқи таҳлилҳо дар натиҷаи амалӣ намудани низоми биллингӣ талафоти нируи барқ дар Душанбе аз 19 фоиз ҳозира ба 11-12 фоиз мерасад. Инчунин, ҷамъоварии маблағи неруи барқ дар Душанбе аз 81 фоизи ҳозира то 99 фоиз хоҳад расид.

Имтиёз ба се ширкат

Дар асоси созишномаи нав «Авесто Гурӯҳ» бо «Душанбе Сити» ва «Тоҷикгидроэлектромонтаж» давоми 5 соли оянда дар Душанбе ҳисобкунакҳои электрониро насб хоҳанд кард. Ин ҳисобкунакҳо бо усули биллингӣ кор мекунанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои ин кор се ширкатро аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (НДС), андоз аз фоида ва боҷҳои гумрукӣ озод мекунад. Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ҳангоми муаррифии созишнома дар парлумон арзиши умумии лоиҳаро 88 миллион доллар арзёбӣ кардааст. Дар доираи он беш аз 250 ҳазор ҳисобкунаки истеҳсоли Чин дар манзили сокинон ба таври ройгон насб карда мешавад.

Ҳамрализода мегӯяд, низоми биллингӣ аввал ба таври таҷриба дар ноҳияи Синои Душанбе иҷро шуда, баъдан дар ноҳияҳои дигари пойтахт татбиқ хоҳад шуд. Вай ба хабарнигорон гуфт, ширкатҳои сармоягузор пас аз анҷоми ин тарҳ, «аз ҳисоби коҳиши талафоти неруи барқ дар шабакаҳо ва афзоиши ҷамъоварии пули барқ маблағи сарфкардаашонро бо назардошти баҳраҳояш пурра мегиранд.»

«Помир Энерҷӣ»- аввалин татбиќгари биллингӣ

Ширкати “Помир Энерҷӣ” –ро аввалин татбиқкунандаи низоми биллингӣ дар Тоҷикистон меноманд. Ширкати мазкур соли 2014 ин низомро дар қаламрави ВМКБ роҳандозӣ кардааст. Ҳоло тамоми сокинони Бадахшон аз усули биллинг истифода карда, маблағи барқро тариқи корт пардохт мекунанд. Масъулини ширкат мегӯянд, дар ин ҷо шаффофият вуҷуд дорад ва омилҳои коррупсионӣ аз байн меравад. Тамоми пардохтҳо онлайн буда, ба ҳар як муштарӣ тариқи СМС-паёмаки телефонӣ дар мавриди нишондоди истифода ва пардохти ҳаққи барқ хабарнома фиристода мешавад. “Низоми биллингӣ имкон дод, ки ҳисобварақаҳо аз байн раванд, талафоти неруи барқ коҳиш ёбад. Масалан, соли 2014 талафот 13,85 фоиз буд, ҳоло 9,95 фоиз расидааст”-гуфт, як масъули шикрат.

Баъдан, ин низом дар шаҳру ноҳияи дигари кишвар барои санҷиш ҷорӣ карда шуд. Мутахассисон ин усулро як навъ халосӣ аз гум шудани пулҳои истифодаи неруи барқ ва беҳбуди вазъи соҳа меноманд, Ҳоло дар шаҳри Хуҷанд ва қисман дар Кӯлобу баъзе аз маҳаллаҳои ноҳияи Рӯдакӣ ситонидани маблағ тавассути низоми биллинг сурат мегирад. Ҳоло муштариёни низоми пардохти биллингӣ дар Хуҷанд беш аз 62 ҳазор, дар Рӯдакӣ 10 ҳазор ва дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 8 ҳазорро ташкил медиҳад.

Ҳарчанд мақомот аз ҳосили кори низоми биллингӣ тавсиф мекунанд, баъзе аз сокинон баръакс мегӯянд, низоми нави хариди неруи барқ барои онҳо мушкилзост. Дар навбат меистем. Боз аз нисфирӯзии шанбе то рӯзи душанбе кор намекунад. Саргардонии мо зиёд аст.

Коршиносон мегӯянд, низоми биллингӣ дар маҷмӯъ барои сокинон ва барои беҳбуди вазъи энергетикии кишвар хуб аст, агар назорат ҷиддӣ бошад. Вагарна, ба гуфтаи онҳо, «бо чунин усул низ талафоти неруи барқ ва фасод дар самти пардохти ҳаққи қувваи барқ хоҳад монд.»
Шамсиддин Ҷалолов, коршиноси масоили иқтисодӣ, гуфт: «Барои ноил шудан ба пешравиҳо бояд мутахассисони сатҳи баланд ва афроди поквиҷдон ҷалб шаванд, чун низоми биллингӣ низ маҳсули дасти инсон аст ва дуздии маблағи қувваи барқ бо ин низом ҳам имконпазир ҳаст.»
Коршиносон ихтисори нозирони барқ ва роҳандозии низоми электронии пардохтҳоро яке аз роҳҳои кам кардани фасод медонанд. Мақомот вуҷуди фасодро дар соҳа рад намекунанд, вале мушкили асосиро қарздории мардум аз шабакаҳои барқӣ медонанд, ки ба ҳисоби онҳо ба миллионҳо сомонӣ мерасад.
Вазир чӣ мегӯяд?
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарии 27 январ изҳор дошт, ки дар шаҳри Хуҷанд аз истифодаи ин усул, яъне биллингӣ натиҷаҳои хуб ҳосил шудааст.
“Татбиқи чунин лоиҳа дар шаҳри Хуҷанд натиҷаҳои хуб дод: сатҳи ҷамъоварии пули истифодаи барқ то ба 100% расида, талафоти барқ то аз 18-19% то ба 9-10% поин рафт”, — гуфт вазир.
Ӯ қайд кард, ки ҷорисозии усули биллингии ҳисоб ва пардохти пули барқ дар дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар шаҳрҳои Кӯлобу Бохтар оид ба коҳиши талафот дар шабакаҳо ва афзоиши миқдори ҷамъоварии пули истифодаи барқ корҳо ҷараён доранд. Ба қавли ӯ, барои амалисозии ин мақсадҳо Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва Иттиҳоди Аврупо маблағ ҷудо мекунанд.
Дар ин шаҳрҳо аз ҷумла, иваз кардани 50 ҳазор адад ҳисобкунакҳои барқ — 32 ҳазор дар Кӯлоб ва 18 ҳазор дар Бохтар пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, дар доираи корҳои амалисозии лоиҳа дар шаҳри Кӯлоб зеристгоҳи нави барқӣ сохта мешавад.

-Ғайр аз ин, — идома дод вазир, — дар мавриди ҷалби маблағҳои ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ҷиҳати ҷорисозии усули биллингӣ, инчунин дар шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Бӯстон, Панҷакент, Истаравшан ва ноҳияҳои тобеи марказ гуфтушунидҳо ҷараён доранд.

Масъулини Вазорати энергетика мегӯянд, ки дар низоми биллингӣ пешпардохт пешбинӣ гардидааст. Аммо он ҳатмӣ нест. Метавон чун имрӯз пас аз як моҳи истифода пули барқро пардохт кард. Зимни ба таъхир афтодани пардохти пули барқ дар муҳлати муқарраршуда (беш аз 15 рӯз пас аз ба охир расидани истифодаи якмоҳа) истифодабаранда аз барқ маҳрум мешавад.

Сол ба сол қарзи ШСХК “Барқи Тоҷик” майли афзоиш дорад. Масъулини ширкат айбро дар муштариён мебинанд, ки ҳаққи истифодаи барқро сари вақт пардохт намекунанд. Аммо корхонаҳои азиме, аз қабили «Талко» ҳастанд, ки дар назди ШСХК “Барқи Тоҷик” ҳамчун қарздори калон боқӣ мемонанд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки бо гузаштан ба низоми биллингӣ “Барқи Тоҷик” аз ин ботлоқи қарз берун мебарояд? Ё боз айбро на дар ош, балки дар мош мебинад? Тақдири корхонаҳое, ки қарздори калон дар истифодаи барқ ҳастанд, чаро онҳо ҳам ба низоми биллингӣ намегузаранд?
Усмон Раҳимзода,
“Тоҷикистон”

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.