Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Таҳсили 12 сола: Низоме, ки дигарон даст мекашанд, мо қабул мекунем

Ба иттилои АМИТ “Ховар” яке аз рӯйдодҳое, ки дар соли 2020 тоҷикистониёнро интизор аст, ба низоми таҳсилоти 12-сола гузаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин дар ҳолест ки Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ҷумҳурӣ ин хабарро рад карда, гузариш ба низоми таҳсилоти 12-соларо дар солҳои 2025-2026 арзёбӣ мекунад.

Ин ҳама аз куҷо пайдо шуд?

Бори аввал Президенти мамлакат ҳанӯз 15 апрели соли 2009 пешниҳод намуда буданд, ки аз сентябри соли 2010 ба таҳсилоти ҳатмии 10-сола ва аз сентябри соли 2014 ба низоми нави таҳсилоти умумӣ гузашта, бо ин роҳ барои ҳамроҳ шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ замина оварда шавад.

Дар ҳамин ҳол тибқи маълумотҳои мавҷуда интизор мерафт, ки низоми нави таълим дар кишвар марҳила ба марҳила ҷорӣ мешавад ва аз моҳи сентябри соли 2010 муҳлати таҳсил дар тамоми макотиби миёнаи 9-сола як соли дигар тамдид ёбад. Солҳои 2014-2015 қабули хонандаҳо ба мактаб аз синни 6 шурӯъ хоҳад шуд ва дар солҳои 2016-2017 мактабҳои Тоҷикистон бояд пурра ба низмои таълими 12-сола хоҳанд гузашт. Ва иловатан Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири вақти маорифи кишвар низ дар ҷаласаи ахири парлумони гуфта буд, ки барои мутобиқ кардани сатҳи таълим ба меъёрҳои ҷаҳонӣ низоми таҳсили 12-сола зарур аст. Ба гуфтаи ӯ ин навъи тадрис метавонад ба падидаи тарки таҳсил кардани хонандагон хотима гузорад. 

Бояд ёдовар шуд, ки соли 2010 дар мавриди ҳатмӣ кардани таҳсил то синфи 10-ум ва баъдан ҷорӣ шудани таҳсили 12-сола аксари хонандагони макотиби миёна аз он ҷонибдорӣ намекарданд ва боз як соли дигар тамдид кардани таҳсилро сарфаи беҳудаи вақт меномиданд. Баръакс хонандагону бархе аз омӯзгорони макотиби миёнаи Тоҷикистон 10 сол қабл бозгашт ба таҳсили 10-солаи таҷрибаи замони шӯравиро беҳтару муассиртар мехонданд.

Ва бо сабабҳои айниву зеҳнӣ Тоҷикистон натавонист аз низоми таҳсилоти 11-сола ба низоми таҳсилоти 12-сола гузарад.

Мушкилоти таҳсили 12 — сола

Ҳамин тавр, Сарвари кишвар бори дуюм 20 апрели соли 2011 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ дар бобати гузариш ба низоми таҳсилоти  12-сола ишора карда, гуфта буданд, ки ҳамроҳ шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ, яъне аз соли 2012 ба таҳсилоти ҳатмии 10-сола ва солҳои минбаъда ба низоми нави таҳсилоти умумӣ гузаштан, инчунин афзоиши аҳолии кишвар сохтмони мактабҳо ва синфхонаҳои иловагиро талаб менамояд. Ин нуктаи Ҷаноби Олӣ боис гашт, ки 27 майи соли 2011масъалаи гузариш ба низоми нави таҳсилот дар ҷаласаи парлумон  баррасӣ шуд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки барои гузариш ба низоми таҳсили 12-сола беш аз 100 миллион доллар лозим аст. Гуфта шуд, ки барои гузариш ба низоми нави таҳсил 17 ҳазору 400 маллим, беш аз 800 мактаби нав, 132 номгӯи китоби дарсӣ бо тиражи 15,2 миллион адад ва таҳияву чопи дастуру низомномаҳои ҷадид лозим аст.

Вале ҳамон вақт Вазорати молияи Тоҷикистон гуфта буд, ки барои  гузариш ба низоми таҳсили 12-сола ҳудуди 512 миллион сомонӣ ё беш аз 110 миллион доллар ниёз дорем. Ва табиист, ки шароити иқтисодии мо намегузошт ва намегузорад, ки ин иқдом амалӣ гардад.

Аз миён чанд сол гузашт. Дар макотиби миёнаи мо низоми таҳсилот тағйир наёфт. Мо дар низоми таҳсилоти 11-сола мондем ва сабаби иваз нашудани низом бо далели буҳрони иқтисодӣ ва камбуди мактабҳо бо дархости Вазорати маорифи ҶТ ин ислоҳот то соли 2020 вогузор карда шуд.

Октябри соли 2016 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид гуфта буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2020 ба низоми таҳсилоти 12-сола мегузарад, ки анҷоми гузариш соли 2032 дар назар дошта шудааст. Ва ҳамчунин иброз дошта буд, ки гузариш ба низоми таҳсилоти 12-сола ба хотири афзудани буҷаи вақт ва омӯзиши касб аз ҷониби толибилмони макотиби миёна мебошад.

Сабаби нагузаштан ва чанд маротиба тамдид шуданро аз Пажӯҳишгоҳи рушди маориф пурсон шудем ва ба мо гуфтанд:

—  Ду моҳ пеш зимни як ҷаласа маълум шуд, ки дар солҳои 2025-2026 бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ мо ба таҳсили 12 — сола мегузарем. Соли 2020 танҳо давраи омодагӣ ва тайёрӣ аст.

Гузариш ба низоми таҳсилоти 12-сола чӣ зарурат дорад?

Воридшавӣ ба низоми ягонаи таҳсилоти 12-сола зарурати замон буда, мутобиқи Декларатсияи Шӯрои Аврупо (1992) дар сатҳи таҳсилоти ҷаҳонӣ таҳсилоти 12-соларо 216 давлати ҷаҳон эътироф намуданд. Мувофиқи нишондодҳои ЮНЕСКО, таҳсилоти 12-сола дар 32 кишвар аз синни 5, дар 129 кишвар аз 6, ва дар 23 кишвар аз 7- солагӣ ҷорӣ мебошад. Дар 25 давлати дунё таҳсилоти 13-сола ҷорӣ буда, онҳо аз синни 6-солагӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Бояд иброз дошт, ки низоми таҳсилоти 12-сола дар давлатҳои ИМА, Канада, Ҷопон, Испания, Полша ҷорӣ буда, дар Олмон, Шветсия, Чехия, Италия, Ҳоланд низоми таҳсилоти 13 ва 14-сола амал мекунанд. Аз ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ дар ҷумҳуриҳои назди Балтика, Молдава, Украина, Арманистон, Гурҷистон таҳсилоти 12-сола ба роҳ монда шудааст.

Дар дилхоҳ мамлакати ҷаҳон мақсад аз гузаштан ба низоми таҳсилоти 12-сола на танҳо аз зиёд намудани як ё ду соли хониш иборат аст, балки он ба таври фаъолу эҷодкорона шароити мусоид ба хонандагон барои дарёфти қоилиятҳои нав пешбинӣ шудааст.

Ҳанӯз чанд сол қабл Муҳаммадалӣ Афғонов зарурияти гузариш ба низоми таҳсилоти 12-соларо чунин гуфта буд:

— кӯдакони синни томактабӣ пурра ба таҳсил фаро гирифта шаванд;

— хатмкунандагони макотиби мо бемонеа метавонанд ба макотиби олии мамолике, ки низоми таҳсилоташон 12-сола аст, дохил шаванд;

— хатмкардаҳои мо ҳанӯз дар заминаи омӯзиши барномаи таълими синфи 10 ба асосҳои равияҳои касбӣ шинос гардида, таҳсилот дар синфҳои 11 ва 12 аз рӯи равияҳои касбӣ сурат мегирад. Хатмкардагон пас аз хатми синфҳои 10 ва ҳам 12 касби ояндаи хешро муайян карда, ба он замина низ мегузоранд. Ин омил хеле муҳим буда, ба онҳо имкон медиҳад, ки дар дохили мамлакат ва дар хориҷи он дар бораи касбҳо маълумот пайдо намоянд ва то андозае маҳорати бо онҳо кор карданро низ дошта бошанд.

Ду паҳлӯ доштани масъалаи гузариш ба низоми нави таҳсилро корманди Пажӯҳишгоҳи рушди маориф Имомназаров Давлат ишора карда, чунин гуфт:

— Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки дар низоми таҳсилоти 12-сола раванди таълим инфиродӣ карда мешавад. Воситаҳои таълимӣ бо замона мутобиқ карда мешаванд ва интизор меравад, ки дар чунин ҳолат мактаббачагон дар мактаб чизҳоеро меомӯзанд, ки дар ҳаёт лозим шуда, бачаҳо қудрату тавоноии ҳазм кардани онҳоро мустақилона пайдо мекунанд. Яъне, таълим ба ниёзи хонандагон мешавад, ин як. Дуюм ин ки дар низоми нави таҳсил хонандагон аз синфи 10 пурра дигар ба соҳаи худашон мепардозанд ва 70% соатҳои дарсӣ пурра ба интихоби касби ояндаашон вогузор мешавад. 30%-и дигар дарсҳое мешаванд, ки барои мактаббачагон дувумдараҷа ҳастанд.

Аммо ба фикри шахсии ман, дар ҳоли ҳозир мо аз гузаштан ба низоми таҳсилоти 12-сола дида, бештар бояд ба сифати таълим ва касбияти омӯзгорон таваҷҷуҳ намоем. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе мамолики дунё аз гузариш ба низоми таҳсилоти 12-сола пушаймон шуда, ба низоми таҳсилои 11 бозпас гаштанд. Масалан, Беларус 10 сол дар низоми 12-сола буд, вале ду сол мешавад, ки ба низоми 11-сола гузашт. Ин ду сабаб дошт: аҳолӣ дастгирӣ накарданд ва қудрату тавоноии давлат камӣ кард. Боз ногуфта намонад, ки Ӯзбекистон ҳам 3 сол дар низоми таҳсилоти 12-сола буд, вале имсол боз ба низоми 11-сола гузашт.

Инчунин гуфта мешавад, ки мутобиқи сохтани низоми таҳсилот ба стандарти ҷаҳонӣ зарурати қабул ба синфи 1 аз синни 6-сола, гузаштан ба таҳсилоти миёнаи умумии асосии 10-сола ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 12-сола, ба роҳ мондани таълими равиявӣ ва касбӣ (дар синфҳои 11 ва 12), дар заминаи литсейҳо, коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мондани захираи таълими равиявӣ ва касбиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меорад.

Ин дар ҳолест, ки профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саъдулло Неъматов дар ин маврид чунин андеша дорад:

— Ман фикр мекунам, ки гап сари миқдори солҳо нест, балки сифат аст. Нигаред, як нафарро агар 15 сол ҳам дарс диҳем, хондан нахоҳад ё фаҳмиш надошта бошад, чизеро намеомӯзаду касе ҳам намешавад. Масалан, ман падари шумо, падари нафари дигар ва умуман нафароне, ки имрӯз синну солашон ба ҷое расидааст ва барои ҷомеа коре ҳам кардаанд, дар низоми таҳсилоти 10-сола таҳсил кардем, ҳамаш хуб аст. Мақсад ҳамин ки бояд мо, пеш аз ҳама сифати таълимро ба замона мувофиқ гардонем.

Ҷавоб додан ба ин савол бисёр душвор аст. Ба ҳар ҳол гузаштан ба низоми таҳсилоти 12-соларо вақт нишон медиҳад. Худо накунад, ки мо зуд ва бешуурона гузарем, зеро системаи таълим барои ҳар давлату ҷомеа бисёр мураккаб ва муҳим аст.

Боз бояд бигӯям, ки аввал бояд мо низоми таълимии макотиби томактабиро мустаҳкам кунем. Чун имрӯз аксар волидон коргар ҳастанд, бачаҳо бояд аз хурдияшон таълиму тарбияи хуб бигиранд.

Бояд зикр кард, ки дар назар аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2025 ба низоми таҳсилоти 12-сола гузарад ва худи ҳамон сол дар мактабҳо ҳам 6-солаҳо ва ҳам 7-солаҳо ба синфи якум қабул карда мешаванд. Яъне 6-солаҳо то синфи 12 ва 7-солаҳо 11 сол мехонанд. Ва ин гуна тартиб фаҳмидан мумкин аст, ки ҳар сол як синфи нав қабул карда мешаваду халос.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.