Ноболиғон даст ба дуздӣ заданд

      Ба мақомоти милитсия хабар расид, ки санаи 05.08.с.2016, тахминан соатҳои 12:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи зани 41-солаи сокини ноҳияи Спитамен шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 5000-сомонро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Дар гумонбарӣ ба дуздии моликияти шахсӣ зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия се нафар ноболиғ: як нафар 16 ва ду нафар 17-сола дастгир карда шуданд.

Ҳамчунин, марди 45-солаи сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин оиди ҳодисаи дуздӣ муроҷиат намудааст,  ки  шаби 31.07.с.2016,  тахминан соати 24:00-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматиаш як адад сейфи оҳанин, ки дар дохилаш 80000-сомонӣ ва ҷавоҳироти тиллоӣ ҷойгир буд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Молу амволи рабудашуда 87200-сомониро ташкил медиҳад.

Ба мақомоти милитсия марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе оиди ҳодисаи қаллобӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2015 марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе аз ӯ маблағи 64200-доллари амрикоиро гирифта то ҳол  барнагардонидааст

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *