Ноноварони хона $1 миллиарду  900 миллион оварданд

Бино ба маълумоти омороие, ки мақомоти Федератсияи Русия пахш кардааст, баъди чанд соли коҳиши паёпай, соли 2018  ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирон — манбаи аслии даромади ҳазорон хонаводаи тоҷикистонӣ афзуда,  ба $ 1 миллиарду 900 миллион расид. Дар ин рӯйхат Ӯзбекистон бо қабули $ 2 миллиарду 50 миллион аз Тоҷикистон пешсаф аст.  

Маблағи сарнавиштсоз

Коршиносон мегӯянд, ки дар чанд соли охир бори нахуст раванди интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ба Тоҷикистон тамоюли зиёдшавӣ дорад. Ба гуфти мутахассисон, афзоиши маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷирон ба зиёд шудани теъдоди муҳоҷирони тоҷик ва беҳтар шудани вазъи иқтисодии Русия рабт мегирад.

Пули интиқолдодаи муҳоҷирони корӣ  барои Тоҷикистон хеле муҳим аст, зеро иқтисод ва суботи кишвари мо ба маблағи «ноноварон» иртиботи қавӣ дорад. Аммо муҳоҷирон мегӯянд, ки бо вуҷуди ин омор вазъи будубоши онҳо дар Русия беҳбудӣ мехоҳад.

Баҳром Муродов, муҳоҷири тоҷик,  ки қабл аз соли нав ба Ватан баргаштааст,  мегӯяд, ки ин сафар ӯ 250 ҳазор рубл аз Екатеринбург ба Ватан фиристодааст, ҳол он ки қаблан дар шаш моҳ 300-350 ҳазор рубли русӣ мефиристод.

«Вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия хуб нест. Нархи патент, хонаи иҷора ва гирифтани иҷозатнома барои кор мушкилиҳои зиёде дорад. Муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз ягон ҳуқуқ бархӯрдор нестанд. Қазоқу қирғиз ва ӯзбеку арманӣ бамаротиб роҳаттар дар Русия кору фаъолият мекунанд. Агар барои мо шароит мисли дигарон мебуд, шояд ман дар шаш моҳ то 450-500 ҳазор кор мекардам», — мегӯяд Баҳром.

КӢ ПЕШСАФ:

Тоҷикистон ё Ӯзбекистон?

Пул не, муҳоҷир зиёд шудааст…

Коршиноси масоили муҳоҷират Сулаймон Додов сабаби гирифтори мушкилоти мухталиф будани муҳоҷирони тоҷикро дар шомил нашудан ба Иттиҳоди гумрукӣ мебинад.

«Ин нишондод наметавонад моро хурсанд кунад. Зеро зиёд шудани маблағи интиқолёфта, наметавонад нишондиҳандаи мусбӣ бошад. Зеро ин ба зиёдшавии муҳоҷирони корӣ вобастагӣ дорад, на зиёд кор кардани муҳоҷирони мо. Ин омор таҳлили чуқур мехоҳад»,- афзуд номбурда.

Аммо  Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи молия ва иқтисоди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиши ҳаҷми маблағи муҳоҷирони кории тоҷикро ба рушди иқтисоди Русия вобаста кард, ки дар соли 2018 каме аз рукуд берун шуд ва рушди он 1,7 дарсадро ташкил дод. Ҳамчунин, коршиносон ҳадс мезананд, ки авфи 100 ҳазор муҳоҷирони тоҷик аз «рӯйхати сиёҳ»-и Хадамоти Федератсияи Русия интиқоли пулҳоро аз Русия афзоиш дод.

Иброҳим Аҳмадов, намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ин 100 ҳазор нафар қонушинканиҳои ҷиддӣ надоштанд ва барои нақзи тартиботи хурду реза аз ин кишвар хориҷ шуданд.

Таҳлилгарон бо мушоҳидаи вазъи иқтисоди Русия мегӯянд, ки раванди афзоиши маблағҳои муҳоҷирони тоҷик метавонад идома ёбад ва дар соли 2019 аз 2 миллиард доллар убур кунад.

Сабаб: Иттиҳоди гумрукӣ ва Қрим

Баъд аз ишғоли нимҷазираи Қрим аз ҷониби Русия дар соли 2014 ва сард шудани муносибати Ғарб бо Кремл, бар зидди Маскав таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ шуд ва иқтисоди Русия дучори зарбаи шадиде шуд.

Владимир Жириновский иқтисоди Русияро баъди таҳримот бо хуке монанд карда буд, ки солҳо сарашро аз охӯр набароварда, якбора ба охӯри холӣ меафтад.

Дар ин замина садҳо муҳоҷири тоҷик бе ҷойи кор монда, маҷбур шуданд, ки ба Ватан баргарданд.

Ҳамчунин, дар чанд соли охир бо сабаби ворид нашудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ, Русия ба муҳоҷирони тоҷик фишор оварда, ҳазорон нафарро ба «рӯйхати сиёҳ» ворид кард ва ё депорт намуд.

То соли 2014, яъне то оғози буҳрони шадиди иқтисодӣ  муҳоҷирони тоҷик соле то 4 миллиард доллар ба кишвар интиқол медоданд.

Аммо омилҳои зикршуда сабаб шуданд, ки дар соли 2016 ин маблағ ба 1 миллиарду 400 миллион доллар баробар шавад.

Таваҷҷуҳ ба муҳоҷирон

Ҳоло маълум нест, ки афзоиши пули интиқолдодаи муҳоҷирон ба зиёд кор кардани онҳо иртибот дорад ё афзоиши муҳоҷирони корӣ. Ин омор тадқиқоти ҷиддиро тақозо дорад.

Пӯшида нест, Тоҷикистон кишварест, ки иқтисодиёти он пойбанди натиҷаи обилаи дасти муҳоҷирон аст. Маҳз ин қишри аҳолист, ки суботи кишвари мо пойдор ва сатҳи зиндагии мардум болост. Аммо Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти марбута бар ивази ин ба муҳоҷирони корӣ чӣ карданд?

Ҳанӯз ҳам масъалаи беҳбуди  будубоши муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар сатҳи давлатӣ баррассӣ нашудааст. Сол аз сол маблағи патент ва гирифтани иҷозатномаи кор афзоиш меёбад, аммо масъулини мо дар баробари ташаббусҳои Русия «худро ба карӣ мезананд». Солҳост, ки масъалаи нафақаи муҳоҷирони корӣ дар миён аст, аммо то ҳол ҳалли худро наёфтааст.

Ба ҳар навъ «ноноварони хона» тавозунро дар иқтисоди кишвар нигоҳ медоранд ва имсол аз порсола зиёдтар заҳмат кашидаанд.

Дар ҷадвали зер рӯйхати маблағҳое пешниҳод мешавад, ки дар соли 2018 аз Русия ба кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Тоҷикистон  интиқол ёфтааст.

Одил Нозир,

«Тоҷикистон»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *