Норозигӣ ва нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз ҳукумати Толибон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, «Толибон» тартиботеро ҷорӣ карда истодааст, ки хоси замони муосир нест

Сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ дар мавзӯи Афғонистон мулоқоти махсус баргузор намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон хостори таҳкими ҳамкорӣ таҳти назари СММ дар мавриди Афғонистон шуд.

Ба гуфтаи Президенти Тоҷикистон, аён аст, ки ғасби мусаллаҳонаи қудрат дар Афғонистон наметавонад интизориҳои бархе кишварҳоро дар мавриди барқарор намудани сулҳу оромӣ дар ин кишвар бароварда созад. Ӯ ҳушдор дод, ки дар Афғонистон метавонад даргирии дохилӣ шиддат гираду бархӯрди гурӯҳҳои гуногуни қавмию сиёсӣ ба вуҷуд ояд, ки ба ҷанги шаҳрвандии тӯлонӣ печад.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин ҳукумати муваққати «Толибон»- ро интиқод кард, ки интизориҳо дар мавриди ҳамашумул будани онро бароварда накарду бархилофи ваъда асосан аз аъзои «Толибон»* иборат мебошад.

Президенти Тоҷикистон таъкид намуд, ки танҳо мардуми Афғонистон бояд ояндаи онро муайян созанд.

Дар мулоқот дар ҷиҳати қазияи Афғонистон, ҳамчунин президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Покистон Имрон Хон, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян суханронӣ карданд.

Дафтари Президенти Чумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамчунин сарони давлатҳои Русия Владимир Путин, Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва Ҳиндустон Нарендра Моди дар мулоқоти сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар мавзӯи Афғонистон ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *