Норозигии сокинон аз сифати паст ва нархи гарони либосҳои мактабӣ (Видео)

Дар ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ дар бозори Корвон харидорон аз сифати хуб ва нархи дастраси он сухан мекарданд. Сокинони пойтахт мегӯянд, ки аз мактаб либос мехаранд, вале сифати хуб ва нархи қаноаткунанда надорад.

Дар ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ дар бозори Корвон  харидорон аз сифати хуб ва нархи дастраси он сухан мекарданд. Сокинони пойтахт мегӯянд, ки аз мактаб либос мехаранд, вале сифати хуб ва нархи қаноаткунанда надорад.

Чанд соли охир бо дастури мақомот волидон бояд, либоси ягонаи мактабиро аз корхонаҳои ватанӣ харанд. Ҳар сол нарх ва сифати либосҳои истеҳсоли дохилӣ баҳсҳоро ба миён меорад.

Як нафар сокини пойтахт, ки аз гуфтани номаш ба мо худдорӣ кард, гуфт: “Соли гузашта моро маҷбур карданд, ки либосҳои мактабиро харидорӣ намоем, нархи либоси мактабӣ  нисбати бозор қимат аст ва ман имкон надорам, ки ба фарзандони худ либоси ягонаро бихарам. Дар бозор харидан  барои мо беҳтар аст, мо метавонем дар ярмаркаҳо ҳамаи лавозимоти фарзандонамонро, аз ручка, қалам, дафтар сар карда то шиму костюм харидорӣ намоем”.

Соли 2007 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи либосҳои мактабиро барои хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ муқаррар карда буд. Дар аввал волидон  ҳангоми  интихоби либос барои фарзандони худ озод буда, онро асосан аз бозорҳо мегирифтанд. Аммо солҳои охир тибқи муқарароти ин вазорат  аз  волидон талаб шудааст, ки либосҳои ягонаи мактабиро аз ширкатҳои ватанӣ бихаранд. Ҳомиёни ҳуқуқ  инро як навъ поймоли ҳуқуқи сокинон мепиндоранд.

Шикояти сокинон аз ҳавои тафсону беобӣ (Видео)

Маврид ба ёдоварист, ки  шурӯъ  аз 6 то 31  августи соли равон дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ  ба роҳ монда  шудааст, аз ҷумла, ярмаркаҳои мазкур дар  назди ҶДММ «Истиқлол» (бозори «Меҳргон»)-и  ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҶДММ «Ховарон», кӯчаи Валаматзода 8,  ноҳияи Шоҳмансур, ҶДММ «Корвон», «Корвон плюс», Маркази савдои «Корвоншаҳр», таваққуфгоҳи назди марказҳои савдои «Ганҷина», «Панҷшер», мағозаи махсусгардонидашудаи ҶДММ «ИИ Нассоҷии тоҷик»- и ноҳияи Фирдавсӣ ва Маркази савдои «Сафо»-и ноҳияи Сино  ба харидорон хизмат мерасонанд.

Дар Тоҷикистон шумораи хонандагони мактабҳои миёна ба 1 миллиону 900 ҳазор мерасад. Дар 5 моҳи имсол дар 53 корхона беш аз 400 ҳазор либоси мактабӣ истеҳсол шудааст, ки  зиёди волидон аз сифат ва нархи он норозӣ ҳастанд.

Шарҳи бештар ва ибрози назари шаҳрвандонро аз рафти ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ дар навори видеоии зер тамошо намоед:

Бахтовар Сафаров

Ширин Тоҳирӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

10 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *