Нозири барқ маблағи муштариёнро аз худ кард (видео)

Улуғбек Бегиҷонов, назоратчии шабакаҳои барқ дар вилояти Суғд маблағҳои барқи аз мардум ҷамъшударо аз худ намуда, ба манфиати шахсӣ истифода кард. Дар ин бора Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД дар вилояти Суғд хабар медиҳад.

Манбаъ иттилоъ дод, ки дар асоси аризаҳои воридшуда ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов нисбати собиқ назоратчии шабакаҳои барқ дар ҳамин ноҳия шаҳрванд Бегиҷонов Улуғбек Маъмурович боздошт шуд. Ӯ соли таваллудаш 1979 буда, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи мазкур мебошад. Номбурда барои азонихудкунии маблағи аз ҳисоби муштариён пардохтшуда ва мардумфиребӣ тибқи талаботи ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ 245 ва 247 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Агар ин нозири шабакаҳои барқ дар давраи фаъолияти хизматӣ маблағи муштариёнро ба суратҳисоби ташкилот насупорида бошад баъди аз кор ихроҷ шудан рӯи рост даст ба мардумфиребӣ зада, худро то ҳанӯз назоратчии фурӯши барқ муаррифӣ намуда, ба боварии муштариёни маишӣ даромада, бо ваъдаи мусоидат кардан дар пардохти кам нисбат ба он ки ҳисобкунаки барқи хисоб кардааст маблағ ба даст оварда ба манфиати шахсӣ истифода бурдааст.

Зарардидагон асосан хоҷагидоронанд, ки барои истифодаи пойгоҳи обкашӣ қувваи барқро истифода бурда, баъди муайян шудани ченаки ҳисобкунак ва бақайдгирии он аз ҷониби шабакаҳои барқ, роҳи ҳаллро тавассути У. Бегиҷонов ҷӯё шудаанд. Аммо ин чораҷӯӣ онҳоро ба доми қаллоб афтонид. Бо ваъдаи мусбӣ ҳал кардани кори нафаронеки ба шабакаҳои барқ корафтода шудаанд шеваи дигари мардумфиребиҳост. Ба мисли аз саҳни хавлӣ ба берун кӯчонидани симчӯб, гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайраҳо.
То санаи 30 май дар парвандаи ҷиноятии нисбати Улуғбек Бегиҷонов оғоз гардида 16 аризаи шаҳрвандон қайд гардидааст, ки пушти ҳар як муроҷиат зарари моддӣ меистад. Лозим ба таъкид аст, ки ин нафар қаблан дар давраи фаъолияташ дар шабакаҳои барқ ду маротиба барои азонихудкунии маблағи муштариёни барқ ба чавобгарии ҷинояти кашида шудааст.
Боз ба ҳамин вазифа роҳ ёфтани ӯ ба содиршавии ҷиноят замина гузошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *